Дар Душанбе ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад

15-уми июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар бахшида ба ислоҳоти системи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Он аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ) ташкил карда мешавад.

Ҳадафи аслии чорабинӣ омода кардани пешниҳодҳо аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои Нақшаи нави чорабиниҳо барои солҳои 2026-2030 мебошад. Ин нақша идомаи Стратегияи давлатии ислоҳоти системаи ҷиноятӣ хоҳад буд, ки то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Дар чорабинӣ самтҳои афзалиятноки ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ ва роҳҳои имконпазири беҳбуди шароит дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ баррасӣ мешаванд. Аз рӯйи натиҷаҳои мизи мудаввар тамоми пешниҳодҳо ба роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон ирсол карда мешаванд.