Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) изҳори нигаронӣ кард, ки қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон амалан ҷубронпулии одилона ва муносиб намегиранд. Гарчанде қонунгузорӣ имконияти додани ҷубронпулӣ барои зарарро пешбинӣ мекунад, дар амал қурбониён ба мавҷуд набудани ҷубронпулии ҷаримавӣ барои шиканҷа ва муносибати бераҳмона рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳо танҳо пас аз эълони айбномаҳо нисбати гунаҳкорон метавонанд дархости ҷуброн пешниҳод кунанд ва раванди гирифтани ҷубронпулӣ аксар вақт ба таъхир меафтад. Маблағи ҷубронпулӣ барои зарари маънавӣ, бахусус барои қурбониёни бо хидмати ҳарбӣ алоқаманд тадриҷан кам мешавад.
Кумита тавсия дод, ки барномаи ҳамаҷонибаи офиятбахшӣ таҳия карда шавад, то қурбониёни шиканҷа ҷубронпулӣ ва офиятбахшии одилонаву муносиб, аз ҷумла воситаҳои барқарорсозии некӯаҳволии ҷисмонӣ ва равонӣ бигиранд. Дастрасӣ ба хидматрасонии офиятбахшии саривақтӣ, босифат ва махсусгардонидашуда бояд бидуни талаби пешниҳоди шикоят дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноятӣ таъмин карда шавад. Кумита инчунин тавсия дод, ки дар сатҳи кишвар як ниҳоди махсусгардонидашудаи ҳамоҳангсоз барои татбиқи барномаи офиятбахшӣ ва ҷудо кардани буҷаи шаффофу муносиб барои фаъолияти он таъсис дода шавад.
Татбиқи ин тадбирҳо ба барқарорсозии пурраи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва таъмини ҳуқуқи онҳо ба ҷуброни одилонаву офиятбахшӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст.