Чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Аз 13-ум то 20-уми октябри соли 2025 мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо адвокатҳо вохӯрӣ гузаронид.

Зимни вохӯрӣ оид ба фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шуд.

Мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона маълумотҳоро доир ба лоиҳаи “Роҳ ба сӯи адолат: Таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ба самъи фаъолони чорабинии мазкур расонида, бо мақсади ҳамкорӣ дар фаъолияти минбаъда ибрози андеша намуд.

Чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Гулистон,  ноҳияҳои Б.Гафуров ва Зафаробод баргузор гардида, бо адвокатҳои шаҳру ноҳияҳои номбурда вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд. Дар вохӯри таҷрибаи ҳуқуқӣ, стандартҳои байналмилалӣ ва тағйирот дар қонунгузории миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба нақши адвокатҳо дар ошкор ва пешгирии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати боздоштшудагон ва маҳбусон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Зимни суҳбат ба адвокаҳо китоби “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф”, лифлетҳо оид ба фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ, тақдим карда шуд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 20 нафар адвокатҳои шаҳру ноҳияҳои номбурда иштирок намуда, ибрози андеша карданд ва оид ба ҳамкориҳои минбаъда гуфтушунидҳои судманд анҷом доданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баҳри озодӣ аз шиканҷа ва шинос намудани адвокатҳо бо фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон равона карда шуд.