Ҷазои ҷисмонии ноболиғон: Тоҷикистон тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ-ро чӣ гуна амалӣ мекунад?

Уҳдадориҳои байналмилалӣ

Тоҷикистон се даҳсола боз иштирокчии созишномаҳои калидии байналмилалии ҳимоятгари ҳуқуқи кӯдакон ба шумор меравад.

Конвенсияи зидди шиканҷа соли 1995 тасдиқ шуда буд, Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак бошад, ҳанӯз соли 1993. Ин ҳуҷҷатҳо давлатро вазифадор мекунанд, ки ҳар як кӯдакро аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ - ҷисмонӣ, равонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ҳимоя намояд.

Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак инчунин аз давлат талаб мекунад, ки ҳатто дар ҳолатҳое, ки кӯдакон қонунро вайрон кардаанд, муносибати инсондӯстонаро ба онҳо таъмин намояд: шиканҷа ва ҷазои ҷисмониро манъ кунад, дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ноболиғонро аз калонсолон ҷудо нигоҳ дорад, ба онҳо дастрасӣ ба адвокат ва имконияти шикоят аз амалҳои мақомотро фароҳам орад.

Ҳамин тариқ, манъи ҷазои ҷисмонии кӯдакон - ин уҳдадории мустақими байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

СММ чӣ тавсия дод?

Соли 2018 Кумитаи зидди шиканҷаи СММ зимни таҳлили вазъият дар Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ кард, ки дар қонунгузории миллӣ манъи возеҳи ҷазои ҷисмонии кӯдакон вуҷуд надорад, бахусус дар муассисаҳои давлатӣ - мактабҳо, интернатҳо ва ятимхонаҳо. Кумита изҳори нигаронӣ кард, ки чунин амалҳо аксар вақт беҷазо мемонанд ё ҳамчун "чораи тарбиявӣ" қабул карда мешаванд.

Ба Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки:

- ба қонунҳо ислоҳ ворид карда шавад, ки ҳамзамон ҳамаи шаклҳои ҷазои ҷисмониро манъ намоянд;

- ҷавобгарии шахсони ваколатдор барои чунин амалҳо муқаррар карда шавад;

- усулҳои тарбияи бидуни зӯроварӣ тавассути маъракаҳои огоҳсозӣ ва таълимӣ барои волидон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳое, ки бо кӯдакон кор мекунанд, пеш бурда шаванд.

Нақшаи миллии амал барои солҳои 2019-2022

Пас аз ин тавсияҳо Тоҷикистон мавзуи ҳимояи кӯдакон аз ҷазои ҷисмониро ба Нақшаи миллии амал барои татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа ворид намуд.

Нақша чораҳои зеринро дар бар мегирифт:

- таҳлили қонунҳои амалкунанда - Кодекси оила, Қонун “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак", Қонун “Дар бораи маориф” - барои муайян кардани камбудиҳо;

- таҳияи ислоҳоте, ки мустақиман ҷазои ҷисмониро манъ мекунанд;

- гузаронидани маъракаҳои огоҳсозӣ барои волидон ва омӯзгорон;

- омода сохтани тавсияҳои методӣ оид ба усулҳои бидуни зӯроварии тарбия;

- мониторинги ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати кӯдакон.

Чӣ корҳо анҷом дода шуданд?

Дар пайи татбиқи нақша, ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан имконпазир гардид:

- таҳлили қонунгузорӣ гузаронида шуда, пешниҳодҳо барои тағйиру иловаҳо ба он омода карда шуданд;

- барномаҳои пилотии омӯзиши омӯзгорон бо усулҳои инсондӯстонаи таълим ҷорӣ карда шуданд;

- маъракаҳои иттилоотӣ дар бораи зарари ҷазои ҷисмонӣ густариш дода шуданд.

Натиҷаи асосӣ - дар соли 2024 Тоҷикистон манъи возеҳи ҷазои ҷисмонии кӯдакон ва ба назар гирифтани ақидаи кӯдаконро ба қонунгузорӣ ворид намуда, 67-умин кишвари ҷаҳон шуд, ки ин принсипро дар сатҳи қонун тасдиқ кард. Меъёрҳои нав ба Қонун "Дар бораи ҳуқуқи кӯдак" ва Кодекси оила ворид карда шуданд.

Мушкилоте, ки боқӣ мемонанд

Бо вуҷуди пешрафтҳо, мушкил ҳанӯз пурра ҳал нашудааст.

Дар раванди татбиқи тавсияҳо мушкилоти зерин муайян карда шудаанд:

- омори ягона дар бораи ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати кӯдакон вуҷуд надорад;

- стереотипҳои фарҳангие, ки ҷазои ҷисмониро ҳамчун «тадбири тарбиявӣ» асоснок мекунанд, боқӣ мемонанд;

- бисёре аз омӯзгорон ва кормандони иҷтимоӣ оид ба усулҳои тарбияи бидуни зӯроварӣ омодагии кофӣ надоранд;

- корҳои огоҳсозӣ деҳот ва ноҳияҳои дурдастро ба таври заиф фаро мегиранд;

- ҳамоҳангӣ байни мақомоти маориф, адлия, прокуратура ва ҳифзи иҷтимоӣ нокифоя боқӣ мемонад.

Боз чӣ кор кардан мумкин аст?

Барои он ки натиҷаҳои бадастомада устувор гарданд, кори системавӣ лозим аст.

Аз ҷумла:

- Тақвияти ҳуқуқистифодабарӣ - қабули қонунҳое, ки тарзи тафтиши ҳолатҳои ҷазои ҷисмонӣ ва ҷазо додани гунаҳкоронро танзим мекунанд.

- Идома додани омӯзиши омӯзгорон, кормандони иҷтимоӣ ва волидон дар самти таълиму тарбия бо усулҳои инсондӯстона.

- Ташкили мониторинги мунтазам ва ҷамъоварии маълумот оид ба ҳолатҳои зӯроварӣ.

- Васеъ кардани ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва эҷоди механизмҳои фаҳмову бехатари шикоят барои кӯдакон.

- Идома додани чорабиниҳои иттилоотӣ, ки ба ташаккули эҳтиром ба шахсияти кӯдак нигаронида шудаанд.

Хулоса

Манъи ҷазои ҷисмонӣ - қадами муҳим барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва тақвияти ҷомеаи инсондӯст аст. Татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, то омодагии худро ба пайравӣ аз стандартҳои байналмилалӣ нишон ва таҷрибаҳои куҳнашудаи тарбияро тағйир диҳад.

Аммо қонунҳои қабулшуда - ин танҳо оғоз аст. Барои он ки онҳо воқеан кор кунанд, волидон, омӯзгорон ва мансабдорон бояд ҳама дарк намоянд, ки ҳеҷ гуна зӯроварӣ наметавонад усули тарбия бошад. Танҳо дар ин сурат ҳуқуқи кӯдак ба эҳтиром ва ҳимоя на танҳо ба меъёри ҳуқуқӣ, балки ба меъёри зиндагӣ табдил меёбад.

ТҶ «Ҳуқуқи инсон» ва А. Абдуллоева