Ҷавони тоҷик баъди боздошт барои саркашӣ аз хизмат аз шиканҷа шикоят кард

Наврӯз Нурзодаи 23-сола, ки моҳи декабри соли 2024 аз Русия аз мардикорӣ баргашт, аз шиканҷа дар боздоштгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Зафаробод баъди боздошт дар марзи Тоҷикистону Узбекистон хабар дод. Ӯро бо гумони саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ боздошт кардаанд.

Нурзода пас аз расидан бо ҳавопаймо аз Маскав ба Тошканд бо мошин ба марзи Узбекистону Тоҷикистон рафта, хостааст гузаргоҳи «Фотеҳобод»-ро убур намояд. Марзбонони тоҷик ӯро боздоштаву ба милитсия супорида ва шарҳ додаанд, ки ҳамчун даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Ҷавонро аввал ба ноҳияи Мастчоҳ, баъд ба Хуҷанду Зафаробод бурдаанд.

Ба гуфтаи Нурзода, зӯроварӣ дар долони ШВКД-и ноҳияи Зафаробод оғоз шуда, марди ношинос ба ӯ зарба задааст. Баъдтар, дар боздоштгоҳи муваққатӣ се корманди милитсия ба гурдаву ҷоғаш зада, шарҳ талаб кардаанд, ки чаро дар бораи бозгашташ аз Русия хабар надодааст.

Наврӯз шабро дар боздоштгоҳи муваққатӣ бидуни ғизо ва об сипарӣ карда, субҳ ӯро ба беморихонаву прокуратура бурдаанд. Аммо аз тарси зӯроварии такрорӣ ӯ дар бораи латукӯб хабар надодааст. Дере нагузашта, ӯро ба боздоштгоҳи тафтишотии №5-и шаҳри Истаравшан интиқол додаанд. Хешовандонаш танҳо рӯзи дигар аз боздошти ӯ огоҳ шудаанд.

Рӯзи 19-уми декабр ин хонавода ба Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон муроҷиат карданд. Ҳимоятгарони ҳуқуқ ба Наврӯз Нурзода адвокат пешниҳод намуданд. Рӯзи дигар ҳимоятгар Дилафрӯз Самадова ӯро дар СИЗО-5 хабар гирифт, ки Нурзода дар бораи шиканҷа муфассал нақл кард.

Адвокат фавран ба Покуратураи вилояти Суғд ариза пешниҳод карда, талаб намуд, ки ташхиси судӣ-тиббӣ гузаронида шавад, кормандони боздоштгоҳи муваққатӣ пурсида шаванд, ҷойи ҳодиса аз назар гузаронида шавад ва наворҳои видеокамераи назоратӣ гирифта шаванд.

Ҳуҷҷатҳо борҳо байни прокуратураҳои вилоятӣ ва ноҳияи Зафаробод фиристода шудаанд.

Аммо рӯзи 5-уми феврал прокуратура бо ишора ба мавҷуд набудани далели ҷиноят оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро расман рад кард. Ба гуфтаи тафтишот, камераҳои назоратӣ сабтҳоро ҳифз накардаанд, чун бойгонӣ пас аз шаш рӯз ба таври худкор нест мешавад. Экспертизаи судӣ-тиббӣ гӯё дар устухонҳои рӯй ва бинӣ осебе муайян накард. Дар ҳамин ҳол, худи Наврӯз ба шикоят аз дард идома медиҳад ва хонаводааш иддао доранд, ки ҷоғаш каҷ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, нисбати Нурзода тибқи моддаи 343, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ ё алтернативӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Суди ноҳияи Зафаробод 7-уми феврали соли 2025 ӯро гунаҳкор донист ва ба маблағи 29 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин кард. Ӯ аз толори суд озод карда шуд.

Бо вуҷуди муроҷиатҳои чандинкаратаи адвокат ва ҳимоятгарони ҳуқуқ, мақомот изҳор доштанд, ки далели шиканҷа вуҷуд надорад. Эътилофи зидди шиканҷа пешниҳоди ёрии ҳуқуқиро ба хонаводаи Наврӯз идома дода, барои воқеъбинона таҳқиқ шудани ҳодиса исрор менамояд.

ГЁҲ