Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар таҳкими адолати судӣ ва ҳифзи шаъну шарафи инсон дар Тоҷикистон нақши калидӣ доранд. Онҳо ба давлат дар муайян кардани мушкилот, амалисозии қонунгузорӣ ва эҷоди механизмҳои муассири пешгирии шиканҷа кумак мерасонанд.
Кумитаи зидди шиканҷа (КЗШ) - ниҳоди шартномавии СММ иборат аз даҳ коршиноси мустақил буда, назорат мебарад, ки чӣ гуна давлатҳо уҳдадориҳои худро тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо иҷро мекунанд.
Нақш ва аҳамияти кори Кумита
муайян намудани паҳлуҳои заиф дар системаи ҳимоя аз шиканҷа
амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
таҳкими мустақилияти системаи судӣ ва кафолат барои боздоштшудагон
Чаро ин барои Тоҷикистон муҳим аст?
Ба шарофати тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон қадамҳои муҳим гузошта шуданд - меъёрҳои нави қонунгузорӣ, таҳкими механизмҳои институтсионалии ҳимоя, боло бурдани маълумотнокӣ оид ба ҳуқуқҳои қурбониён.
Иҷрои тавсияҳои Кумита - ин на танҳо уҳдадориҳои байналмилалӣ, балки роҳ ба самти тақвияти адолати судӣ, ҳифзи шаъну шарафи инсон ва эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ аст.