Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 10 ва 11-уми декабр ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсилаҷаласаҳои онлайнӣ-иттилоотиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор намуданд. Чорабиниҳо дар платформаи meet.jit.si гузаронида шуда, тақрибан 35 нафар иштирокдорон - фаъолон, намояндагони ҷавонон ва дигар шахсони таваҷҷуҳмандро ҷамъ оварданд.
Ҳадафи ҷаласаҳо баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии иштирокдорон оид ба стандартҳои асосии байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла роҳ надодан ба табъиз, озодӣ аз шиканҷа, ҳимояи ҳуқуқҳои манзилӣ, инчунин уҳдадории давлат ва тиҷорат дар самти риояи ҳуқуқи инсон буд.
Дар рӯзи аввал - 10-уми декабр баррасӣ ба Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва робитаи байни ҳуқуқи инсон ва тиҷорат равона карда шуд. Коршиносон шарҳи мухтасари ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ, принсипҳои баробарӣ ва бидуни табъизро пешниҳод карда, инчунин дар бораи аҳамияти 10-уми декабр ҳамчун санаи байналмилалии бахшида ба ҳуқуқи инсон ёдовар шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба Принсипҳои чаҳорчӯбаи СММ оид ба тиҷорат ва ҳуқуқи инсон, ки бо се унсури калидӣ асос ёфтаанд, равона карда шуд: уҳдадории давлатҳо барои ҳимояи ҳуқуқи инсон, масъулияти тиҷорат барои эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи инсон ва таъмини дастрасӣ ба воситаҳои муассири ҳимояи ҳуқуқӣ.
Рӯзи дуюм - 11-уми декабр ба ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва тартиби ҳимояи ҳуқуқи инсон, инчунин ҳуқуқҳои манзилӣ ва ҳуқуқ ба сатҳи шоистаи зиндагӣ бахшида шуд. Ба иштирокдорон шарҳи мухтасари Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ пешниҳод гардида, мафҳуми шиканҷа ва механизмҳои мавҷудаи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон шарҳ дода шуд. Қисмати ниҳоии ҷаласа баррасии стандартҳои байналмилалии манзили муносиб, аз ҷумла ҳимоя аз кӯчонидани маҷбурӣ буд.
Дар ҷараёни ҳарду ҷаласа иштирокдорон фаъолона ба баҳсҳо ҳамроҳ шуданд, саволҳо доданд ва машваратҳои инфиродӣ гирифтанд. Дар натиҷаи баррасиҳо барои рушди минбаъдаи ташаббусҳои шабеҳ, аз ҷумла пешниҳоди баргузор кардани чорабиниҳои монанд дар шакли офлайн ва ҷудо кардани вақти бештар барои баҳсҳову кор бо ҳолатҳои амалӣ тавсияҳо таҳия карда шуданд.