Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рузи 3 июн дар бинои Шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, вилояти Суғд «Ҷаласаи гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» бо ташаббуси Фонди Ҷамъяитии «Ташаббуси Ҳуқуқӣ» бо ҳамроҳии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҶТ ва Хазинаи кудакони СММ ЮНИСЕФ бо иштироки якчанд намояндаҳо аз мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҳадафу вазифаҳо, тарзи дурусти фаъолияти гуруҳи корӣ тибқи «Низомномаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар шаҳру ноҳияҳо», ҳамчунин мушкилотҳои ба амал омадаи гуруҳи корӣ ва масъалаҳои ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва роҳҳои пешгирии онҳо баррасӣ карда шуд.
Шахсони иштирокчиёни ҷаласа минбаъд бо робита бо якдигар дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, маълумотҳои гирифташударо дар раванди фаъолияти гуруҳи корӣ дуруст истифода хоҳанд кард.
Фонди Ҷамъяитии «Ташаббуси Ҳуқуқӣ» аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон