Ба Эътилофи зидди шиканҷа барои баргузор намудани тақдими китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда” ва намоишгоҳи аксҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа иҷозат дода нашуд

Имсол чорабиниҳои пешбинишуда – тақдими китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда” ва намоишгоҳи аксҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, баргузор намешаванд.

Эътилофи ҷомеъаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тақдими китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда” ва намоиши аксҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастирии қурбониёни шиканҷаи банақшагирифташуда имсол баргузор нахоҳад шуд. Мо аз сохторҳои расмӣ ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳо иҷозати мувофиқ ба даст наовардем.

10 майи соли 2022 Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ба Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузор намудани чорабиниҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26 июн қайд мегардад, мактуби дорои хусусияти огоҳкунанда ирсол намуд. Дар мактуб зикр шудааст, ки маъракаи дарпешистода тибқи Нақшаи миллии амал оид ба татбиқи тавсияҳои СММ барои солҳои 2019-2022 гузаронида мешавад. 

24 май Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст, аз Ҳукумати шаҳри Душанбе бо имзои муовини раиси пойтахт Одилзода Д.Р. мактуби ҷавобӣ гирифт, ки дар он қайд гардидааст, ки барои анҷоми ин чорабиниҳо бо мақсади таъмин намудани амният ва тартиботи ҷамъиятӣ аз Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор хулосаи мусбӣ гирифтан лозим буд, вале чунин хулоса ба даст наомадааст. “Ҳамин тавр, мо бе гирифтани хулосаи дахлдор баргузор намудани ин чорабиниҳоро ғайриимкон мешуморем”, - омадааст дар мактуби Ҳукумати шаҳри Душанбе.

То имрӯз аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мактуби ҷавобӣ наомадааст.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани ин ҷорабиниҳо қаблан омода шуда, ба 23 идораву ташкилотҳои давлатӣ даъватнома ирсол намуд, ки 15-тои онҳо, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва судҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои пойтахт, Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ғайра, иштироки худро тасдиқ карданд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти раҳоӣ аз шиканҷа буд. Баргузории чунин чорабиниҳо ба муттаҳид сохтани талошҳо ва талабот нисбати мақомоти давлатӣ ҷиҳати ташаккули сиёсати “таҳаммулпазирии сифрӣ” нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

NoTorture.Tj