Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Агар шахси боздоштшуда тасдиқ намояд, ки ӯро латукӯб ё шиканҷа кардаанд, чӣ мешавад?
ПОСУХ: Агар шахси боздоштшуда дар бораи зӯроварӣ ё шиканҷа арз намояд, бояд фавран аз ҷониби мутахассиси тиббӣ муоина карда шавад, натиҷаҳои муоина бошад, бояд мувофиқи тартиби муқарраргардида сабт карда шаванд. Ин кафолати ҳатмии ҳимояи ҳуқуқи инсон аст, на расмиёт.
Ҳуҷҷатгузории тиббӣ метавонад ҳангоми тафтиши амалҳои кормандоне, ки ба зӯроварӣ роҳ додаанд, далели калидӣ гардад. Дар ҳолати мавҷуд будани нишонаҳои шиканҷа ё муносибати бераҳмона маводҳо бояд барои гузаронидани санҷиш пешниҳод гарданд ва дар сурати мавҷудияти асосҳо нисбати шахсони масъули гунаҳкор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад.
Ба ғайр аз ин, бо дархости ҷабрдида метавонанд чораҳои ҳимояи давлатӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ» татбиқ карда шаванд.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj