Адвокатҳои Тоҷикистон оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа тренинг мегузаранд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон давраи тренингҳои омӯзиширо оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо оғоз карданд.

Дар тренингҳои серӯза зиёда аз 60 нафар адвокатҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок хоҳанд кард.

Барномаи тренингҳо масъалаҳоеро аз қабили стандартҳои асосии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, инчунин кафолатҳои асосии ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва маҳбусон дар бар мегирад. Иштирокчиёни тренингҳо бо асосҳои фаъолияти адвокатҳо дар мавриди вокуниш ба аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои гуногуни мурофиаи ҷиноятӣ шинос шуда, ҳамзамон, стратегияҳои амалиро оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа коркард менамоянд.

«Иттифоқи адвокатҳои ҶТ аз замони таъсис ёфтанаш баҳри боло бурдани сатҳи дониш ва дастовардҳои касбии адвокатҳо барои худ уҳдадорӣ гирифт. Ин уҳдадорӣ тариқи ҳамкории наздик бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад. Гузаронидани чунин тренингҳо ҷавобгӯи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» буда, барои дар оянда рушд ёфтани адвокатураи тоҷик саҳм мегузорад»,- зикр намуд Саидбек Нурриддин, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон.

«Амалигардии доимии қонунгузории ҶТ оид ба кафолатҳои асосии ҳуқуқи инсон дар системаи мурофиаи ҷиноятӣ ва дарсҳои омӯзишии фаъолияти амалии Эътилоф бо адвокатҳо дар мавриди парвандаҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона амалисозии ҳамешагии усулҳои кор бо чунин парвандаҳоро тақозо мекунад. Имрӯз чунин тренингҳо на танҳо аз нуқтаи назари боло бурдани дониш ва дастовардҳои амалӣ, балки барои табодули таҷриба намудан, таҳлили мушкилот ва ҷустани роҳҳои ҳалли онҳо низ муҳиманд»,- гуфт Наҷиба Ширинбекова, директори ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», роҳбари Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф.

Бояд гуфт, ки тренингҳо дар доираи лоиҳаҳои «Мубориза муқобили шиканҷа дар Тоҷикистон - дастгирии фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва «Фаъолият барои ҳимояи озодӣ аз шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» бо дастгирии OSI ва Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон гузаронида мешаванд.

 

Барои маълумоти иловагӣ: 

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:

сайти Эътилоф http://notorturetj.org/

Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” -

Ҳамоҳангсози Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, ҳ. №629, телефонҳо барои тамос: 98-787-66-66, 98-787-33-33, 98-708-76-76

NoTorture.Tj