ДАСТУР оиди таъмини офиятбахшии иҷтимоии маҷмӯӣ ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо

Дастур оиди таъмини офиятбахшии иҷтимоии маҷмуӣ ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо дар доираи Лоиҳаи ИА “Пешбурди равиши мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни ислоҳоти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон" таҳия шуда, аз ҷониби Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” татбиқ карда мешавад.

Дастур барои кормандони иҷтимоии амалкунанда, ки ба қурбониёни шиканҷа ва / ё дигар намудҳои муносибати бераҳмона, инчунин ба оилаҳои онҳо хизмати офиятбахшии иҷтимоӣ мерасонанд, пешбинӣ шудааст ва тавсифи марҳилаҳои дастгирии иҷтимоии инфиродӣ барои гуруҳи мақсаднок аз лаҳзаи қабул то ба итмом расидани давраи офиятбахширо дар бар мегирад.

ФЧ “Ташаббуси ҳуқуқӣ”

NoTorture.Tj