Силсилаи вохӯриҳо дар минтақаҳо бо адвокатҳо дар мавриди пардохти ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона идома доранд

29-уми ноябри соли 2021 Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон вохӯрии корӣ доир намуд, ки дар он 18 нафар, аз ҷумла 8 нафар занҳои адвокат иштирок карданд.

Дар вохӯрӣ ҳолатҳои моддаи 14-и Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо дар партави Мулоҳизоти тартиби умумии №3 (2012)-и Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, ки онҷо гуфта шудааст, «ҳар як давлати узв уҳдадор аст дар системаи ҳуқуқии худ таъминотро ба роҳ монад, то қурбонии шиканҷа ҷуброн ба даст орад ва ҳуқуқ ба ҷубронпулии боадолатонаву мувофиқ, аз ҷумла васоит барои офиятбахшии пурра дошта бошад», баррасӣ гардиданд.

Дар заминаи дархостҳои ҷорӣ оид ба ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуқуқҳои қурбониён ва намояндагони онҳо ба панҷ намуди иҷроиш омӯхта шуданд: баргардонидан, ҷуброн, офиятбахшӣ, қонеъсозӣ ва кафолати такрор нашудан.

Бори дигар таъкид гардид, ки пешниҳоди ҷуброн ба қонуншиканиҳо таъсири пешгирикунанда расонида, давлат наметавонад бо истинод ба касри буҷет ва дигар сабабҳо пардохтҳоро рад ё кам намояд ва ё ба таъхир андозад.

Қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қурбонии шиканҷаро уҳдадор менамояд, ки бо дархости ҷуброни зарар ба суд муроҷиат намояд ва бояд худаш мустақилона ҳаҷми ҷуброни дар ариза нишондодашударо асоснок созад. Қурбониён ва оилаҳои онҳо солҳо барои исботи ҳар як сомонии дархостшуда мурофиаҳои судиро паси сар мекунанд, ки на ба ҳамаи онҳо сабру ҷасорат кифоягӣ мекунад. Суд вазифадор аст бо риояи адолат ҳаҷми ниҳоии ҷуброни зарарро муайян кунад, бо ин талабот, ки дар рафти мурофиаи судӣ суд дар мавриди вуҷуд доштани асосҳо барои қонеъ сохтани чунин ариза ба хулоса меояд. Ҳангоми муайян намудани ҳаҷми ҷуброни зарар аз ҷониби суд бояд талаботи оқиливу адолат ба эътибор гирифта шавад.

Дар таҷрибаи судӣ соли 2021 аввалин бор аз ҷониби судҳои шаҳри Душанбе қарор бароварда шуд, ки мувофиқи он ВКД ҶТ барои ҳаракатҳои ғайриқонуниии кормандони бо моддаи «Шиканҷа» маҳкумгардидааш ҷавобгарӣ ба уҳда дошта наметавонад.

Алоҳида зикр гардид, ки истеҳсолоти иҷро аз рӯйи чунин парвандаҳо одатан ба муҳлати номуайян тӯл мекашад ва масъала танҳо баъди дахолати адвокат ҳалли худро меёбад.

Вақте ки барқарор сохтани номи нек, обрӯи пастшуда ва мавқеи иҷтимоӣ дар ҷомеа муҳим аст, пардохти маблағи пулӣ барои қурбонӣ омили асосӣ нест. Муҳим ин аст, ки аз ҷониби нафари якуми вазорат ба суроғаи қурбонӣ ё хешовандони ӯ узрхоҳӣ сурат гирад.

Адвокатҳо зикр намуданд, ки аз рӯйи парвандаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона фаъолият бурда, онҳо осебпазиранд, зеро лозим меояд муқобили далелҳои системаи ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ кор кунанд, ки онҷо, ба гуфти худашон, метавонанд «барои худ душман ёбанд». Эҳсоси ҳимоят наёфтан адвокатҳоро водор месозад, ки аз пеш бурдани чунин парвандаҳо худдорӣ намоянд.

Дар охири вохӯрӣ корҳо оид ба таҳияи стратегияҳо аз рӯи 5 ҳолати марбут ба ҷанбаҳои гуногун иҷро карда шуданд, аз қабили: таъмин намудани қурбониёни шиканҷа бо табобати санаторию курортӣ, мусоидат ба азхудкунии малакаҳои нави касбӣ, таҳлили таҷрибаи манфии судӣ, ки масъулияти шиканҷа аз мақомоти давлатӣ ба зиммаи шахсони алоҳида гузошта мешавад, қурбонии шиканҷа эътироф намудани аъзои оилаи ҷабрдида ва ғайра.