Баррасии стандартҳои байналмилалӣ ва миллии ҷуброни зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона

22-юми ноябри соли 2021 Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо адвокатҳои вилояти Суғд вохӯрии корӣ баргузор намуд.

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо адвокатҳои вилояти Суғд вохӯрии кории машваратӣ баргузор гардид, ки дар он 19 адвокат, аз ҷумла 10 нафар зан иштирок карданд.

Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва адвокатҳо ҳолати моддаи 14-и Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазоро дар партави Мулоҳизоти тартиби умумии №3 (2012)-и Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баррасӣ намуданд, ки онҷо гуфта шудааст, «ҳар як давлати узв уҳдадор аст дар системаи ҳуқуқии худ таъминотро ба роҳ монад, то қурбонии шиканҷа ҷуброн ба даст орад ва ҳуқуқ ба ҷубронпулии боадолатонаву мувофиқ, аз ҷумла васоит барои офиятбахшии пурра дошта бошад».

Дар заминаи дархостҳои ҷорӣ оид ба ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуқуқҳои қурбониён ва намояндагони онҳо ба панҷ намуди иҷроиш омӯхта шуданд: баргардонидан, ҷуброн, офиятбахшӣ, қонеъсозӣ ва кафолати такрор нашудан.

Бори дигар таъкид гардид, ки пешниҳоди ҷуброн ба қонуншиканиҳо таъсири пешгирикунанда расонида, давлат наметавонад бо истинод ба касри буҷет ва дигар сабабҳо пардохтҳоро рад ё кам намояд ва ё ба таъхир андозад.

Мутобиқи талаботи қонунгузории мурофиаи граждании ҶТ, шахсе, ки бо дархости ҷуброни зарари маънавии ба ӯ расонидашуда ба суд муроҷиат мекунад, бояд худаш мустақилона ҳаҷми ҷуброни эҳтимолиро муайян намояд. Дар ин сурат ӯ уҳдадор аст, ки маблағи ҷуброни зарари маънавии дар аризаи даъвогӣ зикршударо асоснок созад. Бо дарназардошти қонунгузории амалкунандаи ҶТ хусусан суд вазифадор аст ҳаҷми ниҳоии ҷуброни зарари маънавиро муайян кунад, бо ин талабот, ки дар рафти мурофиаи судӣ суд дар мавриди вуҷуд доштани асосҳо барои қонеъ сохтани чунин ариза ба хулоса меояд. Ҳангоми муайян намудани ҳаҷми ҷуброни зарар аз ҷониби суд бояд талаботи оқиливу адолат ба эътибор гирифта шавад.

Дар таҷрибаи баррасии аризаҳои вобаста ба ҷуброн усулҳои дақиқу фаҳмои муайянсозии ҳаҷми ҷубронпулӣ вуҷуд надоранд. Тибқи қонунгузории амалкунанда, судҳо дараҷаи зарари ҷисмониву маънавиро аз рӯйи бовармандии ботинии худ муайян месозанд.

На ҳамеша маблағи ба қурбониён ва ё дар ҳолати фавти онҳо ба хешовандонашон пардохтшаванда мувофиқу аз рӯйи адолатанд. Ба ғайр аз ин, худи қурбониён ва оилаҳои онҳо солҳо дар остонаи дари судҳо қарор мегиранд. На ба ҳама ҷасорат ва истодагариву сабр кифоягӣ мекунад, то зиндагии вайроншуда, саломатии қалбиву ҷисмонии нохуби худро давоми мурофиаҳои тӯлонии судӣ исбот намоянд.

Бино ба зикри адвокатҳо, ҳолатҳое вуҷуд дошта метавонанд, ки мақомоти судӣ кӯшиш мекунанд ҷавобгарӣ барои ҷинояти шиканҷаро ба нафари алоҳидае вогузоранд, ки ҳамчун шахси ваколатдор аз шиканҷа истифода бурдааст. Ба ин тарз вазорат/мақоме, ки онҷо чунин ҷиноят бо сабабҳои мухталиф имконпазир гардидааст, аз ҷавобгарӣ дар канор мемонад.

Ҳамзамон, истеҳсолоти иҷро аз рӯйи чунин парванда метавонад кашол ёбад, агар қурбонӣ ва намояндаи ӯ пофишорӣ ва пардохти маблағи аз ҷониби суд муайяншударо талаб накунанд.

Вақте ки барқарор сохтани номи нек, обрӯи пастшуда ва мавқеи иҷтимоӣ дар ҷомеа муҳим аст, пардохти маблағи пулӣ барои қурбонӣ омили асосӣ нест. Муҳим ин аст, ки аз ҷониби нафари якуми вазорат ба суроғаи қурбонӣ ё хешовандони ӯ узрхоҳӣ сурат гирад.

Адвокатҳо зикр намуданд, ки аз рӯйи парвандаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона фаъолият бурда, онҳо осебпазиранд, зеро лозим меояд муқобили далелҳои системаи ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ кор кунанд, ки онҷо, ба гуфти худашон, метавонанд «барои худ душман ёбанд». Эҳсоси ҳимоят наёфтан адвокатҳоро водор месозад, ки аз пеш бурдани чунин парвандаҳо худдорӣ намоянд.

Дар охири вохӯрӣ корҳо оид ба таҳияи стратегияҳо аз рӯи 5 ҳолати марбут ба ҷанбаҳои гуногун иҷро карда шуданд, аз қабили: таъмин намудани қурбониёни шиканҷа бо табобати санаторию курортӣ, мусоидат ба азхудкунии малакаҳои нави касбӣ, таҳлили таҷрибаи манфии судӣ, ки масъулияти шиканҷа аз мақомоти давлатӣ ба зиммаи шахсони алоҳида гузошта мешавад, қурбонии шиканҷа эътироф намудани аъзои оилаи ҷабрдида ва ғайра.

Адвокатҳо пешниҳод намуданд, то ба қонунгузорӣ муқаррарот оид ба маблағи ҳадди ақал дар сурати фавти шахс дар натиҷаи шиканҷа ворид карда шавад, ки дар ҳар ҳолати мушаххас метавонад зиёд шавад, аммо кам карда намешавад.

Зикр гардид, ки буҷети кишвар бояд моддаи «ҷуброн барои амалҳои ғайриқонунӣ нисбати шаҳрвандон»-ро дар бар гирад, ки метавонад баҳри пардохти ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода бурда шавад.

Идома додани омӯзиши стандартҳои байналмилалӣ ва миллии ҷуброн барои кормандони суд, прокуратура ва милитсия муҳим аст. Инчунин, бо таваҷҷуҳ ба адвокатҳои ҷавон ва адвокатҳои навтаъин бо адвокатҳо баҳри боло бурдани иқтидорашон кор кардан зарур аст.

        Обсуждение положения статьи 14 Конвенции ООН против пыток и других жестоких, бесчеловечных или унижающих достоинство видов обращения и наказания

Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон