Парвина Наврӯзова: пандемия ба фаъолияти ҳуқуқҳимоясозӣ таъсир расонид ва бисёр равандҳои гузаронидани ислоҳотро суст кард

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари коршинос оид ба Протоколи Истамбулӣ Парвина Наврӯзова дар ин маврид:

- То шомил шудан ба Эътилоф ман ба ҳайси адвокат фаъолият мекардаму ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ ва дигар гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ кумаки ҳуқуқӣ мерасонидам. Қайд кардан зарур аст, ки то замони таъсиси Эътилоф қисми зиёди ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва адвокатҳо фаъолияташонро дар алоҳидагӣ амалӣ менамуданд ва албатта, ноил гардидан ба вазифаву ҳадафҳо дар мавзуҳои ҳассосе чун истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар рафти тафтишоти пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мушкил буд.

Аз ҳамин лиҳоз, ман тасмим гирифтам, ки ба фаъолияти Эътилоф ҷалб гардам ва кӯшишҳоямро бо дигар коршиносон, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва коршиносони байналмилалалӣ муттаҳид созам, то дар беҳтар гардидани қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ саҳм гузорам.

Ҳамин тавр, ман Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофро, ки соли 2011 таъсис ёфта буд, аллакай баъди таъсиси Эътилоф роҳбарӣ кардам. То соли 2014 фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқиро ҳамоҳангсозӣ намуда, ҳамзамон стандартҳои Протоколи Истамбулиро дар фаъолияти муассисаҳои тиббии системаи тандурустӣ ва пенитенсиарӣ пеш мебурдам.

Оғоз аз соли 2014 то имрӯз фаъолият оид ба пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар фаъолияти муассисаҳои тиббии системаи тандурустӣ ва пенитенсиарии Вазорати адлияро ҳамоҳангсозӣ мекунам. Фаъолиятҳо дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия амалӣ мегарданд.

Давоми 10 сол дар таҳияву қабули қоидаҳои дохилии муассисаҳои судӣ-тиббӣ, хадамоти руҳӣ ва қоидаҳои Хадамоти тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ мутобиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ иштирок кардам.

Инчунин, дар якҷоягӣ бо дигар коршиносон аз соли 2012 то ин ҷониб баҳри боло бурдани огоҳии ҳуқуқии судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо, табибон ва равоншиносон, аъзои Эътилоф оид ба масоили баҳогузории паёмадҳои ҷисмониву равонии зӯроварӣ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тренингҳои омӯзишӣ баргузор карда мешаванд.

Аз соли 2017 то ин ҷониб ба Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва Гуруҳи офиятбахшӣ оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ба хотири амалисозии таҷрибаи баҳодиҳии паёмадҳои ҷисмониву равонии зӯроварӣ ва талаби ҷуброни зарари моддиву маънавӣ кумаки коршиносӣ мерасонам.

Фаъолият аз рӯйи Протоколи Истамбулӣ ба амалишавии сифати ташхисҳо оид ба баҳогузории паёмадҳои ҷисмониву равонии зӯроварӣ, ҷуброни зарар, таъсиси Институти ташхиси ғайридавлатӣ, амалисозии кумаки тиббӣ ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона нисбати мабусон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ равона гардидааст.

Дар давраи пандемия низ ман корамро бо реҷаи онлайн фаъолона идома додам, зеро гузаронидани чорабиниҳои гуногун тариқи реҷаи муқаррарӣ хавфнок буд. Аз ҳамин лиҳоз, дар соли 2020 таҳти роҳбарии ман дар якҷоягӣ бо коршиносону шарикони Эътилоф замимаи мобилӣ ва Бот дар Телеграм бо номи «Ман ва ҳуқуқҳои ман» таҳия карда шуд. Замимаи мобилӣ тавсияҳо барои қурбониёни зӯроварӣ (қурбониёни шиканҷа ва хушунати хонаводагӣ, шахсони дорои ВИЧ, хизматчиёни ҳарбӣ), адвокатҳо, равоншиносону табибонро дар бар гирифта, аз ҷумла ҳуқуқҳои онҳо ва кафолатҳо, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, баҳогузории паёмадҳои ҷисмониву равонии зӯроварӣ, ҷуброни зарар фаҳмонида шудаанд.

Ба ғайр аз ин, бо мақсади паҳн намудани замимаи мобилӣ ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» чорабинии иттилоотии «Ман ва ҳуқуқҳои ман»-ро дар доираи чорабинии байналмилалии «16 рӯзи фаъолият муқобили зӯроварии гендерӣ» гузаронид.

Дар баробари ин, ташкилоти мо дар якҷоягӣ бо САҲА тариқи расонидани ВҲШ ва таҷҳизот ба муассисаҳои ислоҳотӣ ва СИЗО баҳри таъмини хизматроасонии самараноки тиббӣ ба маҳбусон кумак кард.

Пандемия ба фаъолияти ҳуқуқҳимоясозӣ таъсири калон расонид ва бисёр равандҳои гузаронидани ислоҳотро суст кард. Фикр мекунам, ки тақвият бахшидани фаъолият дар самти гузаронидани ислоҳоти мухталиф бо вазоратҳову мақомот бо реҷаи онлайн ва/ё муқаррарӣ ва таъсиси заминаҳои доимамалкунанда барои ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст. Инчунин, тақвият бахшидани кор дар самти боло бурдани маълумотноксозии аҳолӣ ва мутахассисони касбӣ оид ба масоили ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва озодӣ аз шиканҷа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ВАО-и давлативу хусусӣ, расонидани кумаки равониву ҳуқуқӣ ба кормандони тиббӣ дар шароити пандемия муҳим аст.

NoTorture.Tj