Статьи

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе яке аз кормандони зиндони шумораи яки ин шаҳрро, дар лату кӯби як маҳбус муқасир донист ва ӯро барои панҷ солу панҷ моҳ равонаи зиндон кард. Рустам Мирзоев, қозии ин парванда Маҳмуд Исмоъиловро бар асоси қисмаи 3 моддаи 316-и қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне "хориҷ шудан аз ҳадди салоҳият" муҷрим донист. Гулҷеҳра Холматова, вакили мудофеъи...

29.05.2013 - 20:01

Додгоҳ дар иртибот ба шикояти Ҷурабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки гуфта мешавад дар натиҷаи шиканҷаи маъмурони пулис даргузаштааст, қарори додситониро бекор кард. Додгоҳ қарор кард, ки парванда дубора мавриди бозҷӯӣ қарор бигирад. Додситонии вилоят бозҷӯии пешакии парванди марги Исмонбой Бобоев дар маҳбасро ду соли пеш қатъ карда буд. Дар пайи саҳлангории мақомоти додситонии Суғд,...

13.04.2013 - 14:50

Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» дар доираи лоиҳаи «Дастрасии аҳолии камбизоати ВМКБ ба адолати судӣ», ки бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба фаъолияти марказҳои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ва ҳамчунин маркази муттаҳида барои ноҳияи Шуғнону шаҳри Хоруғ идома мебахшад. Айни замон дар Тоҷикистон...

10.04.2013 - 18:59

Наздикони Баҳромиддин Шодиев, як сокини Душанбе, ки ду сол қабл, пас аз боздошт аз сӯи маъмурони пулис фавтида буд, 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб карданд. Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи боло даргузашт. Пайвандонаш мегӯянд, ки ӯ қурбони латукӯби...

02.04.2013 - 10:28

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф кард, то ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов беш аз 46 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт намояд. Давлатхонум Ҳикматова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов, ки иддао дорад, шавҳараш дар пайи лату кӯби маъмурони пулис ҷон додааст, аз додгоҳ хоста буд, то Вазорати корҳои дохилӣ барои зарари маънавӣ ва молӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ товон диҳад...

15.03.2013 - 20:44

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, ки дар яке аз зиндонҳои ин кишвар дар асари шиканҷа даргузашта буд, 30 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохтааст. Савринисо Гулова, модари се фарзанд ва ҳамсари Бачаҷонов, дар шикояти худ, ки тайи ҳудуди як соли ахир дар додгоҳи ноҳияи Сомонӣ баррасӣ мешуд, аз аз Идораи умури зиндонҳои ин вазоратхона пардохти 655 ҳазор сомонӣ ҷаримаро...

06.03.2013 - 17:07

Адвокатҳои наврасе, ки аз ҷониби нозири минтақавии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифта буд, пардохти ҷубронпулии моддӣ ба ҷабрдида аз шуъбаи милисаро талаб доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳои аз ҷониби Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон пешниҳодшуда Абдураҳамон Шарифов хабар дод, суд нозири минтақавии милиса Машраф Алиевро ба 7 соли зиндон маҳкум намуда...

25.01.2013 - 10:41

Шиканҷа мавзӯест, ки тайи бештар аз як соли охир мавриди баҳси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва расонаҳои хабарӣ қарор гирифтааст. Назари ҳимоятгарон Дар аксари маврид исботи ҷой доштани далели шиканҷа ва рафторҳои зӯроварии ба ин монанд, ки дар натиҷа гумонбаршуда ё айбдоршаванда зарари ҷисмонӣ мебинад, қариб ғайриимкон аст. Ба андешаи коршиносон, мушкили...

21.01.2013 - 20:58

9-11 январи соли 2013 Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои ҳимоятгарон ва ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзўи «Механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа» доир месозад. Дар ин чорабинӣ сарвари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева ба ҳайси тренер фаъолият мекунад. Семинар дар доираи лоиҳаи «Мубориза бар зидди...

09.01.2013 - 14:26

Зебо Қосимова, ҳимоятгари раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев, барои ба даст овардани нусхаи ташхиси судиву тиббии зерҳимояи худ кӯшиш дорад. Ин ташхис маҳз бо дархости ӯ санаи 4-уми октябр дар тавқифгоҳи муваққатии Душанбе дар ҳузури намояндагони КДАМ ва Прокуратураи генералӣ гузаронида шуда буд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Зебо Қосимова изҳор намуд, ки сарфи назар...

20.12.2012 - 12:45

Страницы