Статьи

Наврӯз Нурзодаи 23-сола, ки моҳи декабри соли 2024 аз Русия аз мардикорӣ баргашт, аз шиканҷа дар боздоштгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Зафаробод баъди боздошт дар марзи Тоҷикистону Узбекистон хабар дод. Ӯро бо гумони саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ боздошт кардаанд. Нурзода пас аз расидан бо ҳавопаймо аз Маскав ба Тошканд бо мошин ба марзи Узбекистону Тоҷикистон рафта, хостааст гузаргоҳи «Фотеҳобод»-...

17.04.2025 - 18:55

Дар шаҳри Хуҷанд муҳокимаи парванда оид ба шиканҷаи боздоштшуда Неъмат Ашӯрматов идома дорад. Дар курсии айбдорй чор нафар кормандони ШВКД-и Хучанд, аз ҷумла ҷонишини сардори шуъба нишастаанд. Онҳоро дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва муносибати бераҳмона нисбати боздоштшуда гунаҳгор медонанд. Мувофиқи маводҳои тафтишот, Ашӯрматов 22-юми феврали соли 2024 бо...

05.04.2025 - 19:00

Моҳи апрели соли 2025 мутахассисони ҳуҷҷатгузори Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд чорабиниҳои иттилоотии сайёр гузаронанд. Дар доираи ин чорабиниҳо онҳо бо ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои Маркази ёрии ҳуқуқии ройгон вохӯрда, дар бораи фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ (ГЁҲ) суҳбат мекунанд ва механизмҳои роҳнамоии қурбониёни эҳтимолии шиканҷаву...

28.03.2025 - 19:08

ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" барои намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд тренинги панҷрӯза баргузор намуд. «Боло бурдани тахассуснокӣ ва омӯзиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб...

26.02.2025 - 19:19

ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» оид ба татбиқи стандартҳои байналмилалии гузаронидани пурсишҳои тафтишотӣ (принсипҳои Мендес ва модели P.E.A.C.E) дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кормандони милитсияи шаҳри Душанбе тренинг баргузор намуд. "Усули P.E.A.C.E усули прогрессивии гузаронидани пурсишҳои тафтишотиро ифода мекунад. Бо фарқ аз усулҳои кӯҳнашуда дар асоси фишори равонӣ ва ҳатто қувваи...

25.02.2025 - 19:39

Рӯзҳои 20-23 январ барои адвокатҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ду тренинги дурӯза оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор гардид. Дар ин тренингҳо 50 нафар аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ширкат варзиданд. Дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат»...

23.01.2025 - 19:58

Дар соли 2024 аз ҷониби Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 17 муроҷиат оид ба масъалаҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, ки аз онҳо як муроҷиат аз ҷониби зан ва 16 муроҷиат аз ҷониби мардон (аз ҷумла 4 нафар ноболиғон) аст...

20.01.2025 - 16:33

Ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои аҳолии Душанбе (15-уми январ) ва Бохтар (16-уми январ) машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд. Чорабиниҳо бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуданд. Дар маҷмуъ ба 16 нафар кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд. Дар рафти...

17.01.2025 - 16:37

Соли 2024 тавассути Гурӯҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо, ки дар назди Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, барои офиятбахшӣ 27 нафар ворид шуданд, ки аз онҳо 17 нафар мардҳо (4 писари ноболиғ) ва 10 нафар занҳоянд. Аз шумораи умумии қурбониён 13 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 14...

13.01.2025 - 16:40

Ташкилоти ҷамъияти “Дунёи ҳуқуқ” ва Фонди Ҳолландӣ "Perspectivity Challenge" барои адвокатҳо дастур оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа омода кардаанд, ки он механизмҳои ҳифзи байналмилалӣ ва миллиро дар бар мегирад. Дастур дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад...

02.12.2024 - 17:55

Страницы