Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!»

26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.

15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.

Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.

Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!

 

2. Шаҳбол Мирзоев

6-уми марти соли 2014 сарбози ҷавон Шаҳбол Мирзоев бо шикоят аз дарди дандон ба нуқтаи тиббии қисми низомии 2620-и ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намуд, аммо хизматчии ҳарбии дорои рутба, фелдшер Усмон Ғайратов ба таҳқир ва пастзании ӯ оғоз кард. Шаҳбол вокуниш нишон надод ва кӯшиш кард, ки зуд гузашта равад, аммо фелдшер ӯро дошт ва бо зӯрӣ аз болои худ ба замин партофташ. Табибон дар сарбоз шикастани муҳраи панҷуми сутунмуҳра, зарар дидани якчанд узви бадан ва барҳам хӯрдани ҳис дар дасту пойҳоро муайян намуданд.

Волидони Шаҳбол хонаи худро фурӯхтанд, то ҷарроҳии гаронарзиши писарашонро дар Маскав анҷом диҳанд. Ҳоло маълум нест, ки оё ӯ ягон вақт роҳ гашта метавонад ё не? Ӯ мустақилона нафас кашида ҳам наметавонад - баъди ҷарроҳӣ дар Шаҳбол пневмонияро ташхис карданд ва дастгоҳи кори сунъии шушҳоро гузоштанд.

20-уми июн фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов ба 9 соли маҳрумӣ аз озодӣ ҳукм гирифт.

NoTorture.Tj