Изҳорот

1. Ҳар кадом ихтилоф байни ду ё бештаре аз Давлатҳои аъзо дар мавриди тафсир ё татбиқи ҳамин Конвенсия, ки аз тариқи гуфтушунид наметавонад ҳаллу фасл гардад, бо хоҳиши яке аз онҳо ба суди ҳакамӣ супорида мешавад. Агар дар давоми шаш моҳ аз таърихи супоридани дархост ба суди ҳакамӣ тарафҳо натавонанд, ки дар бораи баргузории суди ҳакамӣ ба мувофиқат расанд, пас бо хоҳиши ҳар кадоме аз тарафҳо ихтилоф мумкин аст, ки вобаста ба мақоми Суд ба Суди Байналмилалӣ равон карда шавад.

2. Ҳар кадом давлат ҳангоми имзо кардан ё тасдиқ кардани ин Конвенсия ё дар ҳоли ҳамроҳшавӣ ба он, метавонад изҳор намояд, ки вай худро пойбанди муқаррароти банди 1 ҳамин модда ҳисоб намекунад. Дигар Давлатҳои аъзо дар муносибат бо ҳар кадом Давлати узв, ки чунин изҳорот медиҳад, пойбанди муқаррароти банди 1 ҳамин модда нахоҳанд буд.

3. Ҳар кадом Давлати узв, ки мувофиқи банди 2 ҳамин модда изҳорот додааст, метавонад ҳар замон бо огоҳ намудани Котиби Генералӣ изҳороти худро бозпас гирад.

Моддаи 30-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NotortureTj