Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!»

26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.

15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.

Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.

Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!

 

1. Зайдуллоев Шамсиддин

Модари Шамсиддин - Каримова Тоҷиниссо нақл мекунад:

Писари ман Зайдуллоев Шамсиддин дар ширкати AsianExpress ба ҳайси таксист кор мекард ва ба кашонидани мусофирон машғул буд.

8-уми апрели соли 2015 тахминан соати 20:00 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) омаданд. Онҳо гуфтанд, нишондоди шоҳидеро дар даст доранд, ки ба Шамсиддин маводи нашъаовар мерасонидааст. Онҳо афзуданд, ки масъаларо дар бинои АНМН баррасӣ мекунанд.

Рӯзи оянда ман бо писарам дар бинои АНМН мулоқот доштам. Вақте писарамро оғӯш гирифта, сарашро сила кардам, варамро эҳсос намудам. Писарам гуфт, ки он ҷо дард мекунад. Оҳиста пурсидам, ки оё дар инҷо ӯро назадаанд? Бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонд. Аз писарам хоҳиш кардам, ки ба ҳама чӣ иқрор шавад, аммо ӯ гуфт, ки гуноҳе надорад ва ҷинояте содир накардааст.

10 ва 11-уми апрел ман бо писарам дидорбинӣ карда натавонистам, чун муфаттиш берун аз бинои АНМН буд. Мо ба вакили мудофеъ муроҷиат кардем. Ӯ ваъда дод, ки рӯзи душанбе, 13-уми апрел иҷозатнома мегирад ва саҳарӣ ба АНМН назди писарам медароем.

Аммо рӯзи душанбе, 13-уми апрел тахминан соати 7:00 ба мо хабар доданд, ки писарамон вафот кардааст ва ҷасадаш дар сардхонаи «Медгородок» қарор дорад. Мо зуд писарамонро шинохтем, ӯ пур аз доғ ва хунрезӣ дар тамоми бадан буд. Мо чанд акс бардоштем. Писари ман дар ҳаёташ бемор нашуда буд. Боварӣ дорам, ки писари ман дар натиҷаи муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони АНМН вафот кард. Ман кӯмак мехоҳам. Мехоҳам, ки гунаҳгорони марги ӯ ҷазо гиранд.

NoTorture.Tj