Фолкер Тюрк Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъин шуд

Фолкер Тюрк аз Австрия Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон таъин шуд. Дар ин мансаб ӯ Мишел Бачелетро аз Чили иваз мекунад.

Номзадии Тюркро Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш пешниҳод карда ва он аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ тасдиқ шудааст. Дар ин бора хадамоти иттилооти СММ хабар медиҳад.

Дабири кулли СММ дар баёнияе гуфтааст, ки "Тюрк фаъолияти тӯлонӣ ва барҷастаи худро ба пешрафти ҳуқуқи умумии инсон, бахусус ҳимояи яке аз табақаҳои осебпазиртарини афроди ҷаҳон - гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд бахшидааст".

Фолкер Тюрк собиқаи бойи хидматӣ дорад. Айни замон вай ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсии СММ дар саросари ҷаҳон ҳамчун муовини Котиби генералии СММ машғул аст. Аз соли 2019 то 2021 бошад, Тюрк ба ҳайси ёрдамчии Котиби генералӣ оид ба ҳамоҳангсозии стратегӣ фаъолият кардааст.

Комиссияи Олии нав оид ба ҳуқуқи инсон муддати тӯлонӣ дар Раёсати Комиссари Олӣ оид ба корҳои гурезагон дар қароргоҳи Женева, инчунин дар намояндагиҳои раёсат дар саросари ҷаҳон кор кардааст. Вай аз ҷумла масъули таҳияи созишномаи умумӣ дар бораи гурезагон буд.

Роҳбари нави раёсати Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсон (КОҲИ) хатмкардаи Донишгоҳи Линтск буда, дар Донишгоҳи Вена унвони доктори риштаи ҳуқуқи байналмилалиро ба даст овардааст. Вазифаи Тюркро қаблан Мишел Бачелет аз Чили бар уҳда дошт. Вай аз 1-уми сентябри соли 2018 то 31-уми августи соли 2022 дар вазифаи Комиссари Олӣ кор кард.

Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон масъули фаъолияти СММ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Миёни вазифаҳои асосии ӯ мусоидат ба татбиқи самараноки тамоми ҳуқуқҳои инсон, ҳавасмандгардонӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар доираи системаи СММ, мусоидат ба таҳияи стандартҳои нав дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба тасвиби шартномаҳои ҳуқуқи инсон меистад.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»