Муроҷиати Эътилофи Ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба Президенти ҶТ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон

Муроҷиати Эътилофи Ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба Президенти ҶТ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон Шуморо ба муносибати ҷашни 60-солагиатон самимона таҳният гуфта, таваҷҷӯҳи Шуморо ба он ҷалб месозад, ки сарфи назар аз ташаббусҳои мусбати давлат дар самти мубориза бо шиканҷа, тамоюли истифодаи шиканҷа дар низоми тафтишоти ҷиноятҳо ва муассисаҳои иҷрои ҷазо идома дорад.

Танҳо дар зарфи 10 моҳи соли 2012 аз ҷониби Эътилоф 18 ҳолати шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну  шараф ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, дар ин ҳодисаҳо бар асари шиканҷа афроде ба ҳалокат расидаанд, ки синни онҳо ҳатто ба 30-40-солагӣ нарасида буд:

Сафаралӣ Сангов – 5-уми марти соли 2011 аз ШКД-и ноҳияи Синои ш. Душанбе дар ҳолати беҳушӣ ва бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба Маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» интиқол гардида, дар синни 37-солагӣ аз олам даргузашт.

Баҳромиддин Шодиев – 30-юми октябри соли 2011 дар синни 28-солагӣ дар шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ ба ҳалокат расид, ки ба ин муассиса пас аз шиканҷа дар ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур оварда шуд.

Дилшодбек Муродов – моҳи августи соли 2009 дар синни 34-солагӣ дар муассисаи ислоҳии №3/1 СИҶҶ ВА ҶТ ба эҳтимоли истифодаи шиканҷа фавтид.

Исмоил Бачаҷонов – моҳи январи соли 2011 дар синни 32-солагӣ бар асари истифодаи шиканҷа дар тавқифгоҳи муваққатии ш. Душанбе ба ҳалокат расид.

Исмонбой Бобоев – моҳи феврали соли 2010 дар синни 30-солагӣ бар асари шиканҷа зимни бозпурсии кормандони милиса дар вилояти Суғд фавтид.

Хуршед Бобокалонов – моҳи июни соли 2012 дар синни 33-солагӣ пас аз боздошт, зимни интиқол ба ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз олам даргузашт.

Ҳамзаалӣ Икромов – 20-уми сентябри соли 2012 дар синни 27-солагӣ дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и ш. Душанбе, ки мӯҳлати ҷазояшро адо мекард, ба ҳалокат расид.

Аъзои Эътилоф аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳукуматдорони кишвар оид ба маълумот дар бораи шиканҷа шарҳи мушаххас надода, изҳороти онҳо дар бораи ҳолатҳои шиканҷа аксаран ба хусусият ва шумори осебҳо дар ҷисми фавтидагон/ҷабрдидагон, ки аз ҷониби хешовандону ҳимоятгарон, ВАО ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ошкор мегарданд, мутобиқат намекунанд. Тафтишоти аризаҳо оид ба шиканҷа бо шумули ҳолатҳои марг ба муддатҳои тӯлонӣ ва аз рӯйи баъзе парвандаҳо зиёда аз ду сол идома меёбанд. Ҳамаи ин эҳтимолеро ба миён меорад, ки ба ин восита мақомот кӯшиш мекунанд, аз иҷрои ӯҳдадориҳои худ оид ба гузаронидани тафтишоти дақиқи тамоми иттилоот оид ба шиканҷа ва дигар шаклҳои рафтори ғайриқонунӣ канораҷӯйӣ карда, аз ҷазои шахсони гунаҳкор худдорӣ варзанд.

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон зимни фаъолияти худ чунин мушкилоти асосии системавиро муайян сохтааст, ки ба решакан кардани шиканҷа дар Тоҷикистон халал расонида, ба истифодаи минбаъдаи он мусоидат мекунанд:

1. Мавҷуд набудани нақшаи миллии фаъолият дар самти мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ, ҳамчунин ҷой надоштани муносибати фарогир зимни амалисозии ислоҳот дар соҳаи адолати судии  ҷиноятӣ.

2. Таъмин набудани дастрасии фаврӣ ва бемонеаи ҳимоятгар ба шахси дастгиршуда яке аз сабабҳои истифодаи шиканҷа зимни таъқиби ҷиноятӣ мебошад.

3. Дар кишвар механизми мустақили тафтиши далелҳои шиканҷа вуҷуд надошта, тафтишот аз ҷониби кормандони хадамоти амнияти дохилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат мепазирад, ки ниҳоди ҳамон як мақомотанд ва аз амали онҳо шахси шиканҷашуда арзу шикоят мекунад.

4. Беҷазоии шахсони гунаҳкор, ки дар ҷазои сабук додан ба шахсони дар истифодаи шиканҷа гунаҳкор ва корбурди санадҳои афв нисбат ба онҳо ифода меёбад.

5. Мавҷуд набудани назорати мустақили ҷамъиятӣ бар муассисаҳои ислоҳӣ. Имрӯз ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ба муассисаҳои ислоҳии кишвар дастрасӣ надоранд. Ба ин муассисаҳо танҳо қисмати маҳдуди созмонҳои ғайридавлатӣ дастрасӣ доранд, ки асосан ба фаъолияти башардӯстона ва хайрия машғуланд. Шурӯъ аз соли 2005 як қатор ташкилотҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ бо мақомоти давлатӣ дар бораи дарёфти дастрасӣ ба тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ барои гузаронидани мониторинг гуфтушунидҳои бенатиҷа доранд.

6. Дар моддаи 88, қ. 3-и КМҶ ҶТ пешбинӣ шудааст: «Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд…». Вале меъёри мазкурро судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз ягон маротиба истифода накардаанд. Вақте судшаванда дар ҷараёни мурофиаи судӣ изҳор медорад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ӯ аз шиканҷа ва дигар усули ғайриқонунии гузаронидани тафтишот истифода кардаанд, судҳо чунин изҳоротро бидуни таваҷҷӯҳ гузошта, танҳо ба даъват ва бозпурсии муфаттишону кормандони фаврии мақомоти корҳои дохилӣ иктифо меварзанд.

7. Вазъи таҷрибаи истифодаи истирдод дар Тоҷикистон низ яксон нест. Қонунгузории ҷумҳурӣ масоили манъи истирдод ба кишвареро, ки дар он нисбат ба инсон истифодаи шиканҷа таҳдид мекунад, мустақиман танзим намекунад. Масоили истирдод аксаран тавассути созишномаҳои дуҷонибаи Прокуратураҳои генералӣ, Конвенсияҳои Минск ва Кишинёв дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ ва ҳамчунин конвенсияи Шонҳой         дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ (соли 2001) танзим мегарданд, ки масоили тартиботро муқаррар карда, меъёрҳои озодӣ аз шиканҷаро фаро намегиранд. Дар мавриди шумори афроди аз Тоҷикистон истирдодшуда маълумоти оморӣ мавҷуд нест. Ҳамчунин ҳодисаҳои дар ҳоли афзоиши «дуздӣ»-и шахсон – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ки Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон манъи истирдоди онҳоро ба Тоҷикистон муқаррар кардааст, боиси нигаронист.

8. Дар заминаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳолатҳои ғайриқонунӣ боздошт шудани гумонбарон/айбдоршавандагон дар содир кардани ин ҷиноятҳо афзоиш ёфтааст. Мушкилоти мавҷуда бо дастрасӣ надоштани вакилони мудофеъ ба зерҳимояи худ ва мурофиаҳои пӯшидаи судӣ аз рӯйи ин намуди парвандаҳо мураккабтар мешаванд.

9. Истифодаи ҷазоҳои ҷисмонӣ на таҳо дар оилаҳо, балки дар муассисаҳои таълимӣ низ таҷрибаи паҳншуда ба ҳисоб меравад. Дар қонунгузории миллӣ манъи мустақими истифодаи ҷазоҳои ҷисмонӣ вуҷуд надорад. Ҷараёни баррасии шикоятҳо дар мавриди чунин ҷазоҳо муқаррар карда нашудааст.  

10. Зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон мушкили ба таври васеъ паҳншуда ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз ҷиддӣ ва фарогир будани ин мушкил, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии зӯроварӣ дар оила чораҳои қатъӣ намеандешад. Маърифати нокифояи ҳуқуқии занон, хусусан, дар деҳот, афзудани издивоҷи барвақтӣ ва ғайрирасмию сабтношуда осебпазирии онҳоро меафзояд.    

11. Дар артиш мушкили ҷиддӣ калонсолорӣ ё худ муносибатҳои ғайриоинномавӣ аст, ки бо ҷанбаҳои зерин асоснок карда мешавад: а) дар давоми хизмати ҳарбӣ хизматчиёни пештаромада нисбат ба навдаъватшудагон аз фармонфармоӣ ва латукӯб истифода мекунанд (шакли аз ҳама зиёд паҳншудаи калонсолорӣ); б). маҳалгароӣ – аскарон мувофиқи маҳалли баромади худ муттаҳид шуда, миёни чунин гурӯҳҳо занозанӣ ба амал меояд. Ҳамчунин дигар намудҳои таҳқир ва фармонфармоӣ вуҷуд доранд, ки қариб дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ ба мушоҳида мерасанд. Муносибати бераҳмона дар артиш бо иштироки ҳайати афсарон низ ба амал меояд.     

Ҷаноби Президент!

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба Шумо ҳамчун кафили Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, даъват мекунад:

- вуҷуд доштани шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро дар кишвар ошкоро эътироф созед, оид ба «таҳаммулнопазирии комил», мамнӯъияти шиканҷаю муносибати бераҳмона, мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар кишвар изҳорот диҳед.

Барои ҳалли масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар бояд як қатор чораҳои муҳим бо дурнамои дарозмуддат андешида шавад. Дар доираи барнома ҳадди ақал бояд чораҳои зерини дорои хислати фаврӣ қабул карда шаванд:

- таъмини дастрасӣ ба тавқифгоҳҳои муваққатӣ ва боздоштгоҳҳои тафтишотӣ барои гузаронидани мониторинг аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ;

 - таъмини дастрасии Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ба муассисаҳои ислоҳӣ барои муайянсозии риояи ҳуқуқи маҳбусон ба озодӣ аз шиканҷа;

- ба қайд гирифтан ва таҳти назорат қарор додани ҳамаи шикоятҳо дар мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби комиссияи махсуси назди Прокуратураи генералии ҶТ, бо иштироки идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хотири андешидани чораҳои муассир дар мавриди таҳқиқи ҳолатҳои шиканҷа ва расонидани ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа, ҳамчунин инъикоси васеи кори комиссия дар ВАО;

 - таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри таҳияи барномаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва ҳимоят аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки барои дарозмуддат пешбинӣ шудааст, бо ҷудо кардани маблағҳои зарурии буҷавӣ ва ба роҳ мондани механизми ҳисоботдиҳию назорат аз болои иҷроиши он. Барнома бояд чорабиниҳои дарозмуддатро барои решакан кардани шиканҷа бо истифода аз таҷрибаи мақомоти давлатӣ дар бар гирад, аз ҷумла, механизми назорат аз болои иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа, бо истифода аз тавсияҳои мақомоти СММ, Ҳисоботи марҳилавии универсалӣ ва тартиботи махсуси Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ. 

Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро»

Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипар»

Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI»

Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»

Ташкилоти ҷамъиятии «Имкониятҳои баробар»

Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон»

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон»

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак»

Фонди ҷамъиятии «Нотабене»

5-уми октябри соли 2012