Изҳороти кушодаи Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон

Изҳороти кушодаи Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон

Ба Намояндаи комилҳуқуқи Президенти ҶТ дар Маҷлиси Олии ҶТ, Мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов

Ба Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов

Ба Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода

Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода 

 

ИЗҲОРОТИ КУШОДА

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз кӯшишҳои давлат дар самти пешгириву манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона истиқбол мекунад. Президенти ҶТ зимни суханронӣ дар Рӯзи милитсияи тоҷик чунин таъкид кард: «Бо дарназардошти арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қатъиян иброз менамоям, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад» (сайти Президенти ҶТ, 10.11.2012с., http://www.president.tj/node/3736). Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 7-уми ноябри соли 2012 дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, зимни пешниҳоди Гузориши миллӣ оид ба раванди иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, дар бораи сиёсати «таҳаммулнопазирии комил нисбат ба шиканҷа» изҳор дошт.

Аммо боиси нигаронии ҷиддии Эътилоф аст, ки ҳанӯз ҳам аз маҳбусон ва хешовандони онҳо иттилоот дар бораи далелҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони муассисаҳои ислоҳӣ нисбат ба маҳкумшудагон ворид мегарданд.

7-уми ноябр ба Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон маълумот расид, ки шаби 5-ум ба 6-уми ноябри соли 2012 беш аз 50 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ба муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд интиқол гардиданд. Ин маҳбусон изҳор доштанд, ки бо расидан ба муассисаи мазкур мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифтанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 7-уми ноябр хешовандони маҳкумшудагон ба Прокуратураи генералӣ шикоят навишта, сипас ба аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо дархости мусоидат барои гузаронидани ташхиси судиву тиббӣ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат карданд.

Маҳбусони ба Хуҷанд фиристодашуда дар бораи макони будубош ва аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳии Я/С №3/3 латукӯб шуданашон ба воситаҳои гуногун, аз ҷумла, алоқаи мобилӣ ва мактуб хабар додаанд. Асосҳои интиқол аз як муассисаи ислоҳӣ ба маҳбаси дигарро касе ба онҳо шарҳ надодааст.

Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Илҳом Маҳмудов дар робита ба ин масъала ба хабаргузории «Азия-Плюс» изҳор доштааст, ки интиқоли маҳбусон тибқи чорабиниҳои нақшавӣ сурат пазируфтааст. Аммо хешовандони маҳбусон мегӯянд, ки дар ин бора онҳоро огоҳ накардаанд. Барои аксар ин интиқол мушкилоти зиёд ба вуҷуд меорад, зеро онҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт зиндагӣ доранд.

Ба қавли хешовандон, миёни маҳбусони интиқолшуда чаҳор нафар шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзодаи низ ҳастанд. Эҳтимолан, номбурда рӯзи 20-уми сентябр дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1-и пойтахт бар асари шиканҷа фавтидааст.

Маҳмурод Ризоев ба аъзои Эътилоф гуфт, ки писари ӯ Суннатулло Ризоев яке аз ин шоҳидон буда, нахуст дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1-и ш.Душанбе мавриди фишори кормандони он қарор гирифтааст ва сипас дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд бераҳмона латукӯб шудааст. «Ҳангоме ки муфаттишони парвандаи марги Икромзода ба муассиса омаданд, писари ман ошкоро изҳор дошт, ки бо чашмони худ дидааст, чӣ гуна Ҳамзаро то ҳалок шуданаш латукӯб кардаанд ва ӯ нишондоҳои худро иваз карданӣ нест», - мегӯяд падари маҳкумшуда.

Аммо муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Илҳом Маҳмудов мегӯяд, чунин маълумот, ки маҳбусон барои ифшо нашудани ҳолатҳои марги Ҳамза Икромзода ба Хуҷанд интиқол гардидаанд, асоси воқеӣ надорад.

Тибқи баъзе иттилоот, ба муассисаи ислоҳии ш.Хуҷанд маҳкумшудагон Илҳом Рустамов, Суннатулло Ризоев, Тоҷиддин Ризоев, Умед Холмуродов, Қайс Шарифов, Зоир Раҳматов, Садриддин Маҳмадов, Садриддин Тошев ва дигарон гузаронида шудаанд.

Бо дархости хешовандони маҳбусон, ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилоф манфиатҳои чанде аз маҳкумшудагони мазкурро ҳимоят мекунанд. Рӯзи 10-уми ноябри соли 2012 ҳимоятгари дафтари машварати ҳуқуқии №1-и ш.Хуҷанд, тобеи Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, ки аз манфиатҳои Ризоев Суннатулло намояндагӣ мекунад, ба муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и ш.Хуҷанд рафта, аз тариқи муроҷиати хаттӣ мулоқот бо зерҳимояашро дархост кард, вале бақайдгирии муроҷиати ӯро бо сабаби аз 5-уми ноябр эълон шудани карантин ва то кунун идома ёфтани он рад карданд. Кумитаи ҳуқуқи инсон дар Қайдҳои тартиби умумии худ ба моддаи 7-и Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар кардааст, ки «набудани дастрасии таъхирнопазир ба ҳимоятгар ва хешовандон, инчунин нигаҳдории инсон бидуни робита бо ҷаҳони берун хавфи истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯро ба миён оварда, аз ҷониби давлат бояд манъ карда шавад».

Дар робита ба иттилооти мазкур, Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо назардошти:

- ӯҳдадориҳои байнулмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф,

- изҳороти давлат дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амалисозии тавсияҳои ин Кумита,

аз Ҳукумати кишвар тақозо мекунад:

- Дастрасии таъхирнопазири ҳимоятгарон ба маҳбусон бо мақсади пешниҳоди кӯмаки ҳуқуқии босифат ва намояндагӣ аз манфиатҳои онҳо таъмин карда шавад;

- Гурӯҳи корӣ аз шумори намояндагони Парлумон, Ҳукумати ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ оид ба гузаронидани ташхисҳои судиву тиббӣ ва равоншиносӣ, инчунин нозирони САҲА ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ барои тафтиши мустақил, беғараз ва муассири қазияи муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и ш.Хуҷанд ташкил гардида, ба ин тариқ, «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба далелҳои шиканҷа дар кишвар зоҳир карда шавад.

 

Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро»

Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI»

Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»

Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон»

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон»

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак»

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи шаҳрванд»

Фонди ҷамъиятии «Нотабене»

12-уми ноябри соли 2012