Тағйирот ба Қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ”: чӣ тағйир ёфт ва он бо ҳимоя аз шиканҷа чӣ иртибот дорад?

17-уми июни соли 2026 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, №2266 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ”” қабул гардид.

Тағйирот доираи шахсонеро, ки бояд аз бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ гузаранд, васеъ менамояд. Ба ин гурӯҳ шахсоне, ки шахсияташон муайян карда намешавад, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, маҳкумшудагон, инчунин баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ворид карда шудаанд.

Бо тағйирот ҳамчунин мушаххас карда шудааст, ки бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ метавонад барои муайян намудани шахсияти нафароне истифода гардад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд.

Муайянсозии самараноки шахсият барои таъмини ҳимояи ҳуқуқи шахсоне, ки дар системаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд, аҳамияти муҳим дорад. Мавҷуд будани маълумоти боэътимод дар бораи шахсият ба баҳисобгирии дурусти шахсоне, ки таҳти назорати давлат қарор доранд, мусоидат мекунад, ки яке аз кафолатҳои мурофиавии риояи ҳуқуқҳои онҳо ба шумор меравад.

Дар баробари ин, бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ худ аз худ механизми пешгирии шиканҷа ё муносибати бераҳмона ба ҳисоб намеравад. Вале системаи шаффофи баҳисобгирии шахсоне, ки таҳти назорати мақомоти давлатӣ қарор доранд, метавонад ба таҳкими кафолатҳои мурофиавии ба пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф равонашуда мусоидат намояд.

NotortureTj