Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

22-юми майи соли 2026 дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мизи мудаввар дар мавзуи "Муаррифии натиҷаҳои таҳлили баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешбурди тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқии ройгон"" баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ ба иштирокдорон натиҷаҳои таҳлил пешниҳод карда шуда, инчунин масъалаҳои марбут ба амалисозии қонунгузорӣ ва боло бурдани самаранокии системаи ёрии ҳуқуқии ройгон баррасӣ гардиданд. Иштирокдорон дар бораи рушди минбаъдаи дастгирии ҳуқуқии аҳолӣ мубодилаи афкор ва пешниҳодҳо карданд.
Чорабинӣ аз ҷониби ФҶ "Ташаббуси ҳуқуқӣ" бо дастгирии Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.