Кумитаи зидди шиканҷаи СММ тағйироти қонунгузорӣ ва институтсионалиро дар Тоҷикистон зикр намуд

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ниҳоии худро аз рӯйи натиҷаҳои баррасии гузориши даврии чоруми Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр намуд.

Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор гардиданд, баррасӣ шуд. Мулоҳизоти ниҳоӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул гардиданд.

Муколамаи созанда бо давлат

Кумита аз пешниҳоди гузориши даврии чоруми Тоҷикистон, посухҳои хаттӣ ба маҷмуи саволҳо, инчунин маълумоти иловагӣ, ки дар ҷараёни баррасии гузориш пешниҳод гардиданд, истиқбол намуд.

Дар ҳуҷҷат муколамаи созанда бо ҳайати давлати иштирокчӣ, инчунин посухҳои шифоҳӣ ва маълумоти хаттӣ, ки дар посух ба саволҳо ва нигарониҳои аз ҷониби Кумита ҳангоми баррасии гузориш баёншуда пешниҳод шудаанд, зикр мегардад.

Тағйироти мусбат дар қонунгузорӣ

Кумита аз ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба бозбинӣ ва қабули санадҳои қонунгузорӣ дар самтҳои марбут ба Конвенсияи зидди шиканҷа истиқбол намуд.

Аз ҷумла:

- қабули Қонун “Дар бораи Системаи ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо” дар соли 2025, ки таъсиси системаи мутамаркази ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумотро дар реҷаи вақти воқеӣ пешбинӣ менамояд;

- қабули тағйирот ба Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” дар соли 2024, ки мафҳуми зӯроварии хонаводагиро васеъ намуд ва акнун зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, ҷинсӣ ва иқтисодӣ, инчунин беэътиноӣ ба уҳдадориҳоро дар бар мегирад;

- қабули Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар соли 2023, ки ҷазои ҷисмонии кӯдаконро дар ҳама гуна шароит ва ҳолатҳо мустақиман манъ мекунад;

- қабули Кодекси нави гражданӣ дар соли 2023, ки ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқиро барои расонидани зарар, аз ҷумла зараре, ки дар натиҷаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- қабули Қонуни №1665 дар соли 2020, ки ба тартиб ва шартҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс тағйирот ворид гардида, нигоҳдории якҷояи ноболиғон ва калонсолон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ истисно карда шуд;

- ворид намудани тағйирот ба моддаи 499-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соли 2020, ки тавассути он хориҷкунӣ аз кишвар ҳамчун ҷазо барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар қаламрави кишвар нисбат ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯй бекор карда шуд.

Тағйирот дар сиёсати давлатӣ

Кумита инчунин ташаббусҳои давлатро оид ба татбиқи сиёсат ва расмиёт бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва иҷрои муқаррароти Конвенсия баланд баҳогузорӣ намуд.

Дар шумули чунин чораҳо зикр гардиданд:

- қабули Стратегияи миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон то соли 2038 ва Нақшаи амал оид ба татбиқи он барои солҳои 2023-2025;

- қабули Стратегияи ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ барои солҳои 2020-2030 ва нақшаҳои амал оид ба татбиқи он;

- тасдиқи Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳдоришаванда, инчунин шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ озодгардида барои солҳои 2025-2030;

- қабули Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2025-2030;

- татбиқи барномаҳо дар самти адолат нисбати ноболиғон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, инчунин офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо;

- таъсиси Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ;

- ворид намудани тағйирот ба қарор оид ба Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар соли 2022, ки кушодани бюроҳои ёрии ҳуқуқиро дар ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар пешбинӣ менамояд;

- таъсиси Маркази миллии хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои қурбониёни хариду фурӯши одамон ва қурбониёни зӯроварӣ дар оила дар соли 2021.

Ба ғайр аз ин, Кумита нашри тарҷумаи расмии Принсипҳои асосии истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон аз ҷониби шахсони мансабдори нигоҳдорандаи тартиботи ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ дар соли 2022, инчунин Кодекси рафтори шахсони мансабдори нигоҳдорандаи тартиботи ҳуқуқиро ба эътибор гирифт.

Матлаб дар доираи маъракаи иттилоотӣ бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа таҳия шудааст. Чорабинии мазкур ба боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои мавҷудаи ҳимоя аз шиканҷа ва имкониятҳои дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагон равона гардидааст.

NotortureTj