Кумита ба таҳкими чораҳо барои аз байн бурдани меҳтарсолорӣ ва муносибати бераҳмона дар қувваҳои мусаллаҳ даъват намуд

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ниҳоии худро пас аз баррасии гузориши даврии чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр кард.

Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор гардиданд, баррасӣ шуд. Мулоҳизаҳои ниҳоӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул карда шуданд.

Меҳтарсолорӣ, муносибати бераҳмона ва шиканҷа дар қувваҳои мусаллаҳ

Кумита тадбирҳои андешидаи давлати иштирокчиро барои пешгирии сӯйистифода дар қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла таъсиси хати телефони боварӣ ва қуттиҳои қабули шикоятҳо дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ба назар мегирад.

Ҳамзамон, Кумита чун қабл нигарон аз он аст, ки сабти ҳолатҳои фавти зӯроваронаи хизматчиёни ҳарбӣ дар шароити ғайриҷангӣ, меҳтарсолорӣ ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона бо хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби фармондеҳон ва ҳамхизматон ҳамоно идома дорад, вале аксаран дар ҳисоботи расмӣ инъикос намеёбанд.

Кумита инчунин аз хабарҳо дар бораи таъқибу фишор нисбати хизматчиёни ҳарбӣ бинобар эътиқоди воқеӣ ё эҳтимолии динӣ изҳори нигаронӣ мекунад.

Бо зикри санҷишҳои қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, инчунин сафарҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба иншооти ҳарбӣ - 40 боздид аз соли 2014, Кумита аз мавҷуд набудани маълумот дар бораи натиҷаҳои ин боздидҳо ва иҷрои тавсияҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ изҳори таассуф мекунад.

Кумита ба давлати иштирокчӣ тавсия медиҳад, ки чораҳои пешгирикунандаро барои аз байн бурдани меҳтарсолорӣ ва муносибати бераҳмона бо хизматчиёни ҳарбӣ тақвият бахшад, дар ҳолатҳои зарурӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ дастгирии муносиби равониро таъмин созад, доғгузории иҷтимоиро коҳиш дода, муроҷиат барои гирифтани чунин кумакро ташвиқ намояд.

Давлати иштирокчиро зарур аст, ки тафтиши саривақтиву самараноки ҳамаи аризаҳо оид ба сӯйистифода ва ҳолатҳои фавти хизматчиёни ҳарбӣ дар артиш, аз ҷумла худкушиҳоро таъмин созад, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ ҷалб ва нисбати онҳо ҷазои муносиб таъин намояд. Ин ҳамчунин ба фармондеҳоне дахл дорад, ки аз ҳолатҳои сӯйистифода огоҳ буданд ё бояд огоҳ мебуданд, вале барои пешгирии онҳо чора наандешиданд ё дар бораи онҳо хабар надоданд.

Кумита инчунин тавсия медиҳад, ки ба қурбониён ва оилаҳои онҳо ҷуброни муносиби зарар таъмин карда шавад.

Ба ғайр аз ин, давлати иштирокчӣ бояд назоратро аз болои риояи интизоми ҳарбӣ ва рафтори хизматчиёни ҳарбӣ тавассути механизмҳои мустақили мониторинг пурзӯр намояд.

Матлаб дар доираи маъракаи иттилоотӣ бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа таҳия шудааст. Чорабинии мазкур ба боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои мавҷудаи ҳимоя аз шиканҷа ва имкониятҳои дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагон равона гардидааст.

NotortureTj