ИЗҲО | Филми мустанад дар бораи шаъну шарафи инсон, адолат ва мубориза бо шиканҷа

"ИЗҲО" - филми мустанад дар бораи шаъну шарафи инсон, оқибатҳои шиканҷа ва одамонест, ки солҳои тӯлонӣ ба ҷабрдидагон ёрӣ мерасонанд, ҳуқуқҳои инсонро ҳимоя мекунанд ва ба рушди адолат мусоидат менамоянд.

Филм дар бораи фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ ва коршиносони мустақилро муттаҳид менамояд, қисса мекунад. Тавассути қиссаи шахсии қаҳрамон, шаҳодати коршиносон ва мисолҳои воқеӣ филм нишон медиҳад, ки чаро кумак, офиятбахшӣ ва муколамаи ҷамъиятӣ қисматҳои муҳими мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона боқӣ мемонанд.

Филм дар доираи лоиҳаи ФҶ “Нотабене” - "Дастгирии ҳимоятгарони ҳуқуқ дар Тоҷикистон" таҳия ва дар якҷоягӣ бо ТҶ "Расонанигор" амалӣ гардидааст. © Филми мустанади "ИЗҲО" бо ҳуқуқи муаллифӣ ҳифз карда шудааст. Нусхабардорӣ танҳо бо розигии хаттии соҳибони ҳуқуқи муаллифӣ иҷозат дода мешавад.

Эзоҳ: Матлаби мазкур бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст. Муҳтавои он танҳо ба Фонди ҷамъиятии “Нотабене” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Расонанигор” тааллуқ дошта, дар ҳеҷ сурат наметавонад мавқеи Иттиҳоди Аврупо дониста шавад.

ОФ Нотабене