Вебинари "Кафолатҳои қонунгузории ҳимоя аз шиканҷа: тағйироти асосӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ"

1-уми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вебинар дар мавзуи "Кафолатҳои қонунгузории ҳимоя аз шиканҷа: тағйироти асосӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ"-ро баргузор намуд. Вебинар дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, ташкил карда шуд.

Чорабинӣ дар платформаи Jitsi Meet баргузор гашта, 20 иштирокчиро, ки миёнашон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон, рӯзноманигорон ва дигар шахсони манфиатдор буданд, гирд овард. Барои таъмини амният ва махфият, имконияти иштироки беном ва пешниҳоди саволҳо дар вақти воқеӣ фароҳам оварда шуд. Бо дархости иштирокчиён чорабинӣ сабт карда нашуд.

Ҳадафи вебинар боло бурдани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён, огоҳ кардан дар бораи кафолатҳои қонунгузории амалкунандаи ҳимоя аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин ошноӣ бо тағйирот дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба тақвияти механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар марҳилаҳои аввали таъқиби ҷиноятӣ нигаронида шудаанд.

Дар рафти чорабинӣ стандартҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии шиканҷа, инчунин аҳамияти кафолатҳои мурофиавӣ ҳамчун яке аз механизмҳои муассиртарини ҳимояи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба тағйироти ба қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон дар соли 2021 воридгардида, ки ба тақвияти кафолатҳои ҳуқуқҳои боздоштшудагону айбдоршавандагон равона шудаанд, зоҳир карда шуд.

Иштирокчиён дар бораи таъмини ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ аз лаҳзаи боздошти воқеӣ, нақши адвокат дар пешгирии фишори ғайриқонунӣ ва муносибати бераҳмона, талаботи нав баҳри пешниҳоди саривақтии маводҳое, ки интихоби чораи пешгирикунандаро асоснок месозанд, инчунин оид ба механизмҳои назорати судӣ аз болои амалҳои мақомоти таъқиби ҷиноятӣ маълумот гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба принсипҳои мубоҳиса ва баробарии тарафҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, тартиби шинос намудани иштирокчиён бо протоколҳои мурофиаҳои судӣ ва имконияти пешниҳоди шарҳҳо зоҳир карда шуд. Таъсири кафолатҳои мурофиавӣ ба пешгирии шиканҷа ва таҳкими эътимод ба низоми адолати судӣ низ баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни вебинар иштирокдорон фаъолона саволҳоеро дар бораи татбиқи амалии кафолатҳои нави мурофиавӣ, дастрасӣ ба адвокат дар марҳилаҳои аввали боздошт ва механизмҳои мавҷудаи ҳимоя дар ҳолатҳои нақз шудани ҳуқуқи инсон пешниҳод карданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ иштирокдорон оид ба тағйироти охирин дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва аҳамияти онҳо барои пешгирии шиканҷа ва дигар нақзшавиҳои ҳуқуқи инсон маълумоти актуалӣ гирифтанд.

Вебинар таваҷҷуҳи зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба масъалаҳои адолати судӣ, дастрасӣ ба ҳимоя ва татбиқи амалии кафолатҳои ҳуқуқиеро, ки мувофиқи қонунгузории миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, тасдиқ намуд.

NotortureTj