Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Шахсони ҳимояшаванда ва мақомоте, ки ҳимояи давлатии шоҳидонро таъмин мекунанд, чӣ ҳуқуқ ва масъулиятҳо доранд?
ПОСУХ: Мувофиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», шахсони таҳти ҳимоя қарордошта ҳуқуқ ба донистани ҳуқуқҳои худ, дархости ҳимоя ва дастгирии иҷтимоӣ, гирифтани маълумот дар бораи чораҳои татбиқшаванда, дархости тағйир додан ё бекор кардани онҳо ва шикоят кардан аз қарорҳои мақомот (моддаи 23) доранд. Онҳо вазифадоранд шартҳои ҳимояро риоя намоянд, дар бораи таҳдидҳо хабар диҳанд ва маълумот оид ба чораҳои бехатариро махфӣ нигоҳ доранд.
Мақомоти ҳифзи давлатӣ (моддаи 24) ҳуқуқ доранд маълумот бипурсанд, чораҳои муҳофизатиро қабул кунанд ва тағйир диҳанд, инчунин риояи онҳоро талаб намоянд. Ҳамзамон, онҳо уҳдадоранд, ки ба таҳдидҳо фавран вокуниш нишон диҳанд, бехатарӣ ва дастгирии иҷтимоиро таъмин намоянд, инчунин шахсони ҳимояшавандаро аз қарорҳои қабулгардида огоҳ созанд.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj