Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона яке аз чанд меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аст, ки ҳатто дар ҳолатҳои фавқулода ягон истисно ё гузаштро иҷозат намедиҳад. Ин манъсозӣ хусусияти мутлақ дошта, ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ, новобаста аз он ки аз ҷониби кӣ ва дар кадом шароит содир мешаванд, татбиқ мешавад. Дар ин баробар, таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки занону духтарон бо шаклҳои мушаххаси зӯроварӣ - хушунати маишӣ, издивоҷи маҷбурӣ, зӯроварии ҷинсӣ, аз ҷумла дар шароити изолятсия рӯ ба рӯ мегарданд, ки аксар вақт берун аз ҳимояи пурраи қонунгузории ҷиноятӣ мемонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷаро соли 1995 ба тасвиб расонд ва уҳдадорӣ гирифт, ки ҳама гуна шаклҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешгириву тафтиш кунад ва ҷазо диҳад. Кумитаи зидди шиканҷа дар таҷрибаи ҳуқуқии худ пайваста таъкид мекунад, ки зӯроварии гендерӣ метавонад ҳамчун шакли муносибати бераҳмона ҳисобида шавад, агар давлат дар самти пешгириву тафтиши он ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани гунаҳкорон чораҳои зарурӣ наандешад. Дар Шарҳи умумии №2 Кумита ба таври возеҳ уҳдадории давлатҳоро барои ба эътибор гирифтани хусусияти гендерии зӯроварӣ, аз ҷумла зӯроварии аз ҷониби субъектҳои ғайридавлатӣ содиршуда изҳор доштааст.
Кумитаи зидди шиканҷа дар мушоҳидаҳои ҷамъбастии худ оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон аз набудани ҷавобгарии мустақили ҷиноятӣ барои хушунати хонаводагӣ дар қонунгузории миллӣ нигаронӣ карда, тавсия дод, ки онро таркиби алоҳидаи ҷиноят шуморанд. Мавқеи ба ин монанд дар тавсияҳои Кумита оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон дар гузоришҳои даврии шашум ва ҳафтуми Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Мақомоти байналмилалӣ таъкид мекунанд: зӯроварии гендерӣ наметавонад ҳамчун "низоъи оилавӣ"-и шахсӣ ҳисобида шавад - он ба ҳуқуқи занон ва духтарон барои озодӣ аз муносибати бераҳмона таъсир мерасонад ва арзёбии муносиби ҷиноятӣ-ҳуқуқиро талаб мекунад.
Дар сатҳи миллӣ манъи шиканҷа дар моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Кодекси ҷиноятӣ барои шиканҷа ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад, Қонун "Дар бораи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ"-и соли 2013 ва Қонун "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз"-и соли 2022 бошанд, асосҳои меъёриро барои ҳимоя аз табъиз ва зӯроварӣ танзим менамоянд. Қабули Қонун дар бораи баробарӣ қадами муҳим дар тақвияти заминаи ҳуқуқӣ гардид.
Дар баробари ин, мушкилоти системавӣ боқӣ мемонанд. Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» асосан хусусияти пешгирикунанда дорад ва амали ҷинояти алоҳидаи "зӯроварии хонаводагӣ"-ро бо нишонаҳои мушаххаси тахассусӣ муқаррар намекунад. Меъёри Кодекси ҷиноятӣ дар бораи шиканҷа дар таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ асосан нисбати амалҳои шахсони мансабдор татбиқ мешавад ва дар заминаи зӯроварии гендерӣ кам истифода мегардад. Шумораи зиёди ҳолатҳои зӯроварӣ берун аз омори расмӣ мемонанд, зеро занон ва духтарони ҷабрдида бо сабаби тарс аз доғгузорӣ ва нобоварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳимоя муроҷиат намекунанд.
Стратегия дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Стратегияи миллии фаъолсозии нақши занон барои солҳои 2021-2030 барҳам додани табъизи гендериро ҳамчун афзалияти сиёсати давлатӣ муқаррар мекунанд. Ин ҳуҷҷатҳо чаҳорчӯбаи меъёриро барои тақвияти мунтазами кафолатҳои ҳимоявӣ ташкил медиҳанд. Дар шароити кунунӣ татбиқи амалии ин ҳадафҳо ва мутобиқ кардани амалияҳои ҳуқуқистифодабарӣ бо уҳдадориҳои байналмилалӣ муҳим боқӣ мемонад.
Ҳуқуқи байналмилалӣ зӯроварии гендериро ҳамчун шакли муносибати бераҳмона эътироф мекунад, ки давлат барои пешгирии он масъулияти мустақим дорад. Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи татбиқи он бояд ба таъмини ҳимояи муассири ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ аз хушунати хонаводагӣ, васеъ кардани дастрасии ҷабрдидагон ба ёрии ҳуқуқиву иҷтимоӣ ва тақвияти омодагии касбии шахсони масъул дар масоили муайян намудан ва ҳуҷҷатгузории зӯроварии гендерӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ равона карда шавад.
Таъмини озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати занону духтарон - ин на танҳо талаботи шартномаҳои байналмилалӣ, балки нишондиҳандаи самаранокии воқеии системаи ҳимояи ҳуқуқи инсон низ мебошад. Татбиқи мунтазами стандартҳои байналмилалӣ имрӯз шарти муҳими тақвияти кафолатҳо барои бехатарӣ ва шаъну шарафи занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.