Зӯроварӣ нисбати занон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) дар мавриди вазъи зӯроварӣ нисбати занон дар Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кард. Сарфи назар аз мавҷудияти моддаҳо дар Кодекси ҷиноятӣ, ки зарари қасдан ба саломатӣ ва латукӯбро дар бар мегиранд, давлат маълумоти мукаммалро дар бораи шумораи парвандаҳое, ки гунаҳкорон барои шиканҷа ё дигар ҷиноятҳо ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шудаанд, пешниҳод накардааст.

Таҷрибаи аз ҷониби кормандони милитсия рад шудани бақайдгирӣ ва тафтиши шикоятҳои заноне, ки мавриди зӯроварӣ қарор гирифтаанд, инчунин баъзан барои оштӣ шудан бо ҷинояткорон маҷбур кардан нигаронии махсусро ба миён меорад. Таҷрибаи судӣ низ боиси нигаронӣ аст: бисёр судяҳо аз сабаби набудани ташхисҳои мустақили судӣ-тиббӣ ҳангоми муроҷиатҳо дар бораи зӯроварии ҷисмонӣ ё таҷовуз, махсусан дар деҳот, муоинаи тиббӣ талаб намекунанд. Ғайр аз ин, таҷовузи никоҳӣ ва зӯроварии маишӣ то ҳол ҳамчун ҷиноят эътироф карда нашудаанд.

Кумита ба Тоҷикистон тавсия дод, ки маълумоти мукаммалро дар бораи парвандаҳои зӯроварӣ нисбати занон ва шумораи ҷинояткороне, ки ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, таҳия ва пешниҳод намояд, тафтишоти фаврӣ, беғаразона ва самараноки ҳама гузоришҳо дар бораи зӯровариро таъмин намояд, механизми мустақили шикоятҳоро барои қурбониён таъсис ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани гунаҳкоронро кафолат диҳад. Кумита инчунин ба зарурати ислоҳи қонунгузорӣ барои осон кардани таъқиби ҷинояткорони ҳама гуна зӯроварӣ, гузаронидани омӯзиши ҳатмӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо ва дигарон, ки бо қурбониёни зӯроварӣ ҳамкорӣ мекунанд ва таъмини ҷубронпулии одилона ба ҷабрдидагон таъкид кард.

Татбиқи ин чораҳо ба ҳифзи занон аз зӯроварӣ, баланд бардоштани уҳдадориҳои шахсони масъул ва тақвияти механизми адолати судӣ барои ҷабрдидагон нигаронида шудааст.

NotortureTj