Дар Душанбе тренинг оид ба озодӣ аз шиканҷа ва стандартҳои инъикоси дуруст дар ВАО баргузор гардид

15-уми декабр Ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқи дастрас", ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аст, дар мавзуи "Озодӣ аз шиканҷа ва стандартҳои инъикоси дуруст дар ВАО бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ" тренинг баргузор намуд. Чорабинии омӯзишӣ дар шакли омехта - ба таври ҳузурӣ дар дафтари ташкилот ва онлайн дар платформаи meet.jit.si доир гардид.

Дар тренинг ҳудуди 20 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолоне, ки ба масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ҳамкорӣ бо ВАО таваҷҷуҳ доштанд, иштирок карданд. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани дониши иштирокчиён дар бораи стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф, инчунин рушди малакаҳои амалӣ дар омодасозии дуруст ва пешниҳоди маълумот барои нашр дар ВАО, аз ҷумла дар мавриди мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ буд.

Дар ҷараёни қисми аввали тренинг мафҳум ва моҳияти манъи шиканҷа мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд. Иштирокчиён бо ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи СММ зидди шиканҷа, инчунин уҳдадориҳои давлатҳо барои татбиқи онҳо шинос шуданд. Мисолҳои амалӣ ва масъалаҳои ҷорӣ дар ин самт баррасӣ гардиданд.

Қисми дуюм ба ҷанбаҳои амалии омодасозии маводҳо барои ВАО бахшида шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба дурустии ҷобаҷогузорӣ ҳангоми инъикоси мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҳифзи манбаъҳо ва роҳ надодан ба таҳрифи далелҳо равона карда шуд.

Қисми ҷамъбастии тренинг дар шакли саволу ҷавоб, натиҷагирӣ ва баррасии имкониятҳои истифодаи амалии донишҳои бадастомада  дар кори ояндаи иштирокчиён гузашт. Дар натиҷаи чорабинӣ иштирокчиён дониши худро дар бораи стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа васеъ карданд ва малакаҳои худро дар омода намудани маводҳои таҳлилӣ ва иттилоотӣ барои ВАО тақвият бахшиданд, ки барои баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии шиканҷа ва пешбурди ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

Иштирокчиён самти амалӣ ва муҳимияти тренингро зикр карда, аҳамияти онро барои тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ҳамкории самаранок бо ВАО таъкид намуданд.

NotortureTj