Навори иҷтимоӣ: «Барои аз нав зистан кӯшиш мекунам»

ТҶ «Центр по правам человека» ва фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқ» аз оғози навори иҷтимоии «Имконият барои зиндагии нав диҳед» хабар медиҳанд. Навори видеоӣ дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Ҳадафи аслии навор иттилоъ додан дар бораи ҳуқуқи занони маҳкумшуда дар асоси саргузашти воқеии занони аз зиндон раҳошуда мебошад. Дар навор маълумот дар бораи ҳуқуқ ва кафолатҳои заноне, ки бо шароити муносиби ҳабс маҳкум шудаанд, озодӣ аз тамға ва табъиз дар асоси вазъи ҳуқуқии “маҳбусон” дар муассисаи пӯшида ва/ё озодӣ, таъмини ҳассосияти гендериро дар бар мегирад.

ТҶ «Центр по правам человека»