Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) сеюмин гузориши даврии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, изҳори нигаронӣ кард, ки шумораи шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки аз ҷониби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар давраи аз соли 2013 то 2017 ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд, қариб се маротиба аз шумораи шикоятҳои аз ҷониби мақомоти давлатӣ бақайдгирифташуда зиёд аст.
Кумита тавсия дод, ки ҳамаи афрод, аз ҷумла онҳое, ки дар боздошт қарор доранд, ба механизми мустақили пешниҳоду баррасии шикоятҳо дастрасӣ дошта бошанд. Чунин механизм бояд имкон диҳад, ки дар бораи ҳолатҳои шиканҷа ё муносибати бераҳмона ба Ваколатдор ё дигар мақомоти мустақил, ки ба роҳбарияти ҷойҳои нигоҳдорӣ дастрас нестанд, гузориши махфӣ дода шавад.
Татбиқи ин тадбирҳо ба ҳифзи муассири ҳуқуқи инсон ва пешгирии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.