Дар нимсолаи аввали соли 2025 судҳои Тоҷикистон ҳудуди 74 ҳазор парвандаро баррасӣ кардаанд

Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 108 миллиону 883 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ситонидаанд. “Ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 37 миллион сомонӣ зиёд аст”,- хабар дод имрӯз зини нишасти матбуотӣ раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ судҳо дар маҷмуъ 73 ҳазору 792 парвандаро баррасӣ кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазору 511 парванда камтар аст. Дар байни онҳо парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ, инчунин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ будаанд. Судҳо инчунин дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳоди сохтору идораҳои гуногунро баррасӣ кардаанд.

Раиси Суди Олӣ зикр намуд, ки сарфи назар аз коҳиши шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда, кори низоми судӣ фаъол ва муассир боқӣ мемонад, ки инро афзоиши ҳаҷми маблағи ба фоидаи давлат ситонидашуда тасдиқ мекунад.