Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ин чат-бот як қисми лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии гендерӣ ва табъиз нисбати духтарон ва занони дарканормонда» мебошад, ки аз ҷониби Фонди «Солимии ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Фонди ҳадафноки СММ (UN Trust Fund to End Violence against Women) амалӣ карда мешавад.
Лоиҳа ба занон ва духтароне, ки зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодиро аз сар мегузаронанд, кумак мерасонад.
Ин бот барои он тарҳрезӣ шудааст, ки шумо тавонед сарнавишти худро бехатар, бидуни ном ва дар вақти қулай қисса кунед.
Баъзан танҳо муҳим аст, ки шуморо шунаванд. Дар ин ҷо шуморо маҳкум намекунанд ё маҷбур намесозанд он чиро мубодила намоед, ки ба он омода нестед. Чӣ гуфтан ва чӣ гуна гуфтанро худи шумо интихоб мекунед.
Тариқи бот шумо инчунин метавонед дастрас намоед:
- машварати ҳуқуқӣ;
- дастгирии равонӣ;
- ёрии тиббӣ;
- маълумот дар бораи захираҳои дастрас ва майдонҳои бехатар.
Ҳамаи муроҷиатҳо ба таври қатъӣ махфиянд.
Суроғаи бот - https://t.me/yourstorymatters_bot