Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
9-уми июл рӯзи дуюми тренинг дар мавзӯи «Офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон ҳангоми адои ҷазо ва пас аз озодшавӣ аз ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ» дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе бомуваффақият анҷом ёфт, ки барои кормандони иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин котибони масъули шуъбаҳои ҳуқуқи кўдакони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.
Дар ин рӯз тренерони миллӣ суханронӣ карданд: Сардори шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои давлатии иҷтимоии Сарраёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соима Муҳаббатова ва корманди иҷтимоии Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» Зулфия Мӯсоева.
Баромадкунандагон мавзуҳои зеринро баррасӣ намуданд:
- Таҳлили арзёбии барномаи офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғоне, ки дар муассисаҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд, барои солҳои 2020-2024.
- Самтҳои асосии фаъолияти корманди иҷтимоӣ бо ноболиғон.
- Ҳамкории мутақобила дар сатҳи маҳаллӣ ва дастгирии пас аз давраи пенитенсиарӣ.
Инчунин машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон» ташкил карда шуд.