Агар корфармои ман дар хориҷа бошад, аммо ман дар дохили кишвар фаъолият кунам, бояд дар кишвар чӣ гуна андозҳоро пардохт намоям?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Агар корфармои ман дар хориҷа бошад, аммо ман дар дохили кишвар фаъолият кунам, бояд дар кишвар чӣ гуна андозҳоро пардохт намоям?

ПОСУХ: Агар шумо дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунед, ҳатто агар корфармоятон дар хориҷа бошад ҳам, шумо резиденти андози Тоҷикистон маҳсуб мешавед ва бояд аз даромаде, ки аз ҳама гуна манбаъҳо гирифта мешавад - ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар андоз супоред. Моддаи 186-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳама гуна пардохтҳо, подошпулӣ, мукофотпулӣ ё манфиатҳо, аз ҷумла дар шакли пулӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ (аз рӯи маҳдудияти молу ашё ва андозаи дар қонунгузорӣ муқарраршуда), ки корманд аз корфармо дар доираи муносибатҳои меҳнатӣ (мутобиқи шартномаи меҳнатӣ ва ё бе он) гирифтааст, новобаста ба шакл ва маҳали пардохт, даромади дар шакли музди меҳнат гирифташуда дониста мешавад».

Мутобиқи моддаҳои 183 ва 186-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шумо уҳдадоред, ки аз даромади худ дар ҳаҷми 15 % андоз супоред.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj 

NotortureTj