Рӯзи дарҳои кушода: Ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба ҳар як нафар

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ҳамаи хоҳишмандонро ба Рӯзи дарҳои кушода бахшида ба масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон даъват менамояд.

Чизе, ки мо пешниҳод мекунем:

- Машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ оид ба ҳолатҳои шиканҷа, муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф;

- Ёрии аввалияи ҳуқуқӣ оид ба ҳама гуна масъалаҳои ҳуқуқӣ - аз ҳуқуқи шахсони боздоштшуда то ҳимояи манфиатҳои ҷабрдидагон;

- Вохӯриҳои инфиродӣ бо ҳуқуқшиносоне, ки барои гӯш кардан, дастгирӣ ва кумак расонидан омодаанд.

Шуморо кӣ истиқбол мегирад: Ҳуқуқшиносони варзида ва ҳомиёни ҳуқуқи инсони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки бо як ҳадаф - ҳифзи шаъну шарафи шумо ва адолат муттаҳид шудаанд.

Сана ва замони баргузорӣ: 26-уми июни соли 2025, аз соати 09:00 то 17:00.

Маълумот барои тамос бо ин пайванд дастрас аст: https://notorturetj.org/about/o-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-tadzhikistana-protiv-pytok

Агар шумо ё наздиконатон ба беадолатӣ дучор шуда бошед, биёед, мо дар паҳлуятон ҳастем. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад - ҳама бояд ҳимоят шаванд.

#SupportVictimsOfTorture #26June #HumanRights #TortureIsACrime

NotortureTj