ГЁҲ: 17 шикоят дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд

Дар соли 2024 Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ (ГЁҲ)-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон системаи вокуниши муассирро ба шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона фаъол намуда, барои таъсиси механизми мустақили тафтишотӣ дар Тоҷикистон талош кард. Илова бар ин, фаъолиятҳоро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қурбониён ва оилаҳои онҳо ҳамоҳанг намуд.

Дар давраи аз январ то декабри соли 2024 ГЁҲ 17 шикоятро оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ кард: 1 шикоят аз зан, 4 шикоят аз ноболиғон ва 12 шикоят аз мардон. Таҷрибаҳои муқарраршуда боздошти ғайриқонунӣ, зӯроварии ҷисмонӣ, аз ҷумла пайваст кардани қувваи барқ, таҳдиди таҷовуз ва тамаъҷӯиро дар бар мегиранд, ки ба дарёфти нишондоди худиқрорӣ ё паст задани шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд.

ГЁҲ инчунин машваратҳо дод: 90 машваратҳои шифоҳӣ тавассути телефонҳои боварӣ дар минтақаҳо гузаронида шуданд, 33 ҳуҷҷати мурофиавии хаттӣ омода карда шуданд ва аз ҷониби адвокатҳо 35 вохӯрии стратегӣ гузаронида шуд. Мавзуҳои дархостҳо аз шикоятҳо дар бораи боздоштҳо, қарорҳои маъмурӣ, масъалаҳои судии марбут ба кӯдакон, хушунати хонаводагӣ ва механизмҳои ҳимоя иборат буданд.

Мониторинги мурофиаҳои судӣ 19 мурофиаро дар бар гирифт. Ҳарчанд ҳуқуқи мурофиавӣ дар умум риоя мешуд, аммо таъхир дар баррасиҳо, таҷҳизоти нокифоя дар судҳо барои шахсони дорои маъюбият, маҳдуд будани дастрасии адвокатҳо ба маводи парванда ва дастгоҳҳои мобилӣ, инчунин риоя нашудани муҳлатҳо мушоҳида гардид.

Дар баробари ин, тағйироти мусбат низ сабт карда шуд: санҷишҳои прокурорӣ аз рӯи шикоятҳо дар бораи шиканҷа ба таври назаррас афзоиш ёфта, парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 4 корманди ШВКД-и Хуҷанд кушода шудаву даъвоҳо оид ба ҷуброни зарари маънавӣ идома дошта, судҳо ба манфиати ҷабрдидагон қарор қабул мекунанд.

Дар маҷмуъ, ГЁҲ-и Эътилоф дар соли 2024 аз ҳуҷҷатгузории шиканҷа то эҷоди таҷрибаҳои стратегии мурофиаи судӣ барои ҳифзи қурбониёни шиканҷа дастовардҳои назаррас дошт. Дар ҳоле, ки мушкилоти системавии марбут ба дастрасӣ ба адолати судӣ, сифати мурофиаҳои судӣ ва мустақилияти тафтишот низ сабт шудааст.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj