Коршиносон дар 3 муассисаи ислоҳотии кишвар корҳои офиятбахшӣ гузарониданд

Аз моҳи ноябри соли 2024 то моҳи феврали соли 2025 дар муассисаҳои ислоҳотии ЯС ИУ 3/4 дар шаҳри Душанбе, ЯС ИУ 3/2 дар шаҳри Ваҳдат ва ЯС ИУ 3/8 дар шаҳри Норак дар доираи барномаи мукаммал барои занон ва мардоне, ки барои ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ маҳкум шудаанд, сеансҳои офиятбахшии равонӣ ва динӣ гузаронида шуданд.

Ин чорабиниҳо аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Дар доираи амалисозии ин барномаи офиятбахшӣ беш аз 3500 нафар, аз ҷумла 341 нафар занон фаро гирифта шуданд. Барнома ду шакли гузаронидани сеансҳоро дар бар мегирифт: машғулиятҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ.

Дар барномаи офиятбахшӣ 2 диншинос ва 2 равоншинос ҷалб шуда буданд. Дар давраи зикргардидаи офиятбахшӣ 17 машғулияти гурӯҳӣ ва 20 инфиродӣ гузаронида шуд. Машғулиятҳои равонӣ барои занони маҳкумшуда: 12 гурӯҳӣ ва 46 инфиродӣ; Машғулиятҳои равонӣ барои мардони маҳкумшуда: 25 гурӯҳӣ ва 50 инфиродӣ дар ду муассисаи ислоҳотӣ - ЯС ИУ 3/4 дар шаҳри Душанбе ва ЯС ИУ 3/2 дар шаҳри Ваҳдат.

Офиятбахшии маҷмуии маҳкумшудагон дар доираи лоиҳаи «Таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳои занҳои ҷавон ва мардони аз радикализм осебпазир», ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Канада амалӣ мегардад, ба роҳ монда мешавад.

hrc.tj