Мониторинг : масъалаи истифодаи шиканҷа таҳлил шудааст

Мониторинг[1]: масъалаи истифодаи шиканҷа таҳлил шудааст

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқ истифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Дар гузориши натиҷаи мониторинги мазкур вобаста ба зербанди 1 ва 3, банди 1-и нақша омадааст, ки “тибқи қисми 1, моддаи 161-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ) тафтиши шиканҷа (моддаи 143, эзоҳи 1 КҶ ҶТ) дар тобеияти мақомоти прокуратура мебошад. Масъалаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона мунтазам мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода шуда, натиҷаҳои он дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураҳои вилоятӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва ҷаласаҳои байниидоравии фаврӣ баррасӣ гардида, ҷиҳати аз байн бурдани қонуншиканиҳои ошкоршуда чораҳо андешида мешаванд. Дар баробари ин, таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи тафтиши ҷиноятҳо оид ба шиканҷа, ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонӣ гузаронида шуда, баҳри беҳтар намудани фаъолият дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Моҳи ноябри соли 2020 натиҷаи санҷишу таҳлили ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар фаъолияти кормандони пешбарандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, вобаста ба кушодашавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар давраи соли 2019 ва 9 моҳи соли 2020 дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо иштироки доираи васеи масъулин мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд”.

Таҳлили ҳисоботҳои оморӣ ва таҷрибаи назорати прокурорӣ собит сохтааст, ки дар соли 2020 ба мақомоти прокуратура 10 (2019-14) муроҷиат оид ба шиканҷа ворид гардида, ваҷҳҳои дар онҳо пешниҳодгардида оид ба як ҳолат ба пуррагӣ тасдиқ гардида, ба муроҷиатҳои боқимонда аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст.

- Мақомоти прокуратура дар заминаи таҷрибаи назорати прокурорӣ ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мукаммал намудани қонунгузории мамлакат ва амалияи тафтиши ҷиноятҳо оид ба шиканҷа, ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонӣ мунтазам тадбирандешӣ намуда, баҳри беҳтар намудани фаъолият дар ин самт чораҳои зарурӣ меандешад. Соли 2020 бо мақсади таҳкими кафолатҳои қонунии риояи ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, аз ҷумла гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон, пешгирии шиканҷа ва дигар усулҳои номатлуб, аз тарафи Прокуратураи генералӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва баъди мувофиқасозӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи пешниҳодшуда аз ҷониби маъмурияти ҷойҳои нигоҳдорӣ фавран ба мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ барои баррасӣ равон намудани шикоятҳои шахсони дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи таҳти ҳабс қарордошта оид ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин ба амал ва қарори корманди мақомоти таҳқиқ ва тафтишотро пешбинӣ менамояд. Мақомоти прокуратура ба масъалаи тарғибу ташвиқ ва фаҳмонидани моҳияти қонунгузорӣ дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар тарзу усулҳои номатлуб диққати алоҳида дода, аз ҷониби кормандони прокурорию тафтишотӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, Агентиҳои назорати маводи нашъаовар ва назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мунтазам вохӯриву машғулиятҳо доир карда мешаванд,- зикр гардидааст дар гузориш.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки “Прокурори генералӣ дар ҳама баромадҳо ва нишастҳои матбуотии худ норавоии шиканҷаро таъкид намуда, вазъи ошкоркунӣ ва натиҷаи тафтишу баррасии судии парвандаҳои ҷиноятиро оид ба истифодаи шиканҷа шарҳ медиҳанд. Чунончи, дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби прокурорҳо дар маҳал 1244 маротиба доир ба пешгирии усулҳои нораво дар ҷараёни таҳқиқу тафтиш вохӯриҳо анҷом дода шуда, дар маҷмуъ дар васоити ахбори омма доир ба фаъолияти мақомоти прокуратура 2359 хабар паҳн карда шудааст”.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

NoTorture.Tj