Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Се нафар сокини ноҳияи Ёвон, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор гумонбар дониста мешаванд, бори дигар дар мурофиаи судӣ, ки 9-уми октябр дар Суди ноҳияи Шоҳмансур баргузор шуд, ба бегуноҳии худ пофишорӣ карданд.
Ҷонибек Сайфиддинов, яке аз ин айбдоршавандаҳо дар посух ба пурсиши додситон гуфт: «Ҳеҷ гоҳ гуноҳеро, ки накардаам, ба гардан намегирам. Агар хоҳед, бе гуноҳ суд кунед, вале баъд аз даҳ сол ҳам бошад, ҳаққиқат ошкор мешавад».
Рӯзи 9-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ дар посух ба пурсишҳои прокурор Ҷонибек Сайфиддинов ва Насим Кукиев гуфтанд, ки иттиҳоми дар парванда дарҷшуда асос надорад. Аммо прокурор Зеварова Зуҳро гуфт, прокурори қаблии парванда аз забони боздоштшудаҳо овардааст, ки худро дар ин ҷиноят гунаҳкор медонанд. Вале боздоштшудаҳо инро рад карданд.
Ёдорвар мешавем, ки парвандаи ин се нафарро қаблан Хоркашев Атоликшо, прокурори Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур пеш мебурд.
Дар мурофиаи қаблӣ Ёсин Меликов, яке аз дигар боздоштшудаҳо ҳам гуфта буд, ки ҳангоми боздошташ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамагӣ як миқдори истеъмолӣ маводи нашъадори навъи «ҳашиш» барои истеъмоли худ доштааст ва миқдори зиёде, ки дар парванда навиштаанд, аз вай нест. Дар мурофиаи судӣ Меликов дар посух ба пурсиши судя ва адвокатҳо гуфт, ки вай ва чанд нафари дигарро аввали моҳи феврал дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Ёвон чанд нафар шахсони номаълум бо либоси мулкӣ боздошт карда, зуд ба кофтукоби ҷайби онҳо пардохтаанд. Баъдан маълум шудааст, ки ин нафарон кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳастанд. Ба нақли Меликов, яке аз он нафарон дасташро ба ҷайби вай бурда, чанд бастаи «ҳашиш»-ро берун кардааст. Аммо Меликов он миқдор ҳашишро моли худ намедонад ва мегӯяд, он нафар дар дасташ ин миқдор маводи нашъадорро гирифтаву ба ҷайби вай андохта, дубора берун кардааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ Меликов танҳо 6 бастаи «ҳашиш»-ро, ки тақрибан ду грамм будааст, бар дӯш гирифтааст. Вай гуфт, ин миқдорро аз Насим Кукиев бо мақсади истеъмол гирифта будааст.
Насим Кукиев дар мурофиа қайд кард, ки як субҳ дар майдончаи варзишӣ ҳангоми давидан ин маводро пайдо кардааст ва бо хоҳиши шиносаш Меликов Ёсин, ки ҳашишро истеъмол мекардааст, ба вай додааст. Баъд аз бозпурсӣ милитсия ба суханони Насим Кукиев бовар накарда, водор кардаанд, ки ягон нафарро номбар кунад, ки ин маводро аз вай гирифтааст. «Вақте сахт заданд, дар ток монданд сахт тарсидам, ки мекушанд маро. Гуфтам, ки шояд тағоямро ном барам, омада ба ин васила маро ҳам озод мекунад. Чунки ягона нафари бароям ғамхор ин тағоям буд»,- гуфт Насим Кукиев дар мурофиаи судӣ.
Ба дунболи ин ду нафар Ҷонибек Сайфиддиновро ҳам кормандони милитсияи Шоҳмансур аз хонаи зисташ аз Ёвон ба шуъбаи корҳои дохилӣ меоранд.
Ҷонибек Сайфиддинов дар мурофиа ба бегуноҳии худ пофишорӣ кард ва гуфт, дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур аз тарафи пулис мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, то гуноҳро бар дӯш гирад. Аз ҷумла, Сайфиддинов гуфт, чанд маротиба вайро дар барқ мондаанд, то розӣ шавад, ки гунаҳкор аст.
Ёдовар мешавем, ки Ёсин Меликов, Насим Кукиев ва Ҷонибек Сайфиддинов сокинони ноҳияи Ёвон дар аввалҳои моҳи феврали ҳамин сол бо гумони харидуфурӯши “ҳашиш” аз тарафи корнмадони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пайи ҳам дар ноҳияи Ёвон боздошт шудаанд. Баъд аз бозпурсӣ нисбати Насим Кукиев, Ёсин Меликов ва Ҷонибек Сайфиддинов бо моддаи 200, қисми 3 аз тарафи муфаттиши ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур парванда боз шуд.
Ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон пайвандони қурбониҳои эҳтимолии шиканҷа, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор мешаванд, муроҷиат карданд. Аз тарафи адвокати ин Эътилоф Гулчеҳра Холматова ба ин нафарон ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад.
Ширинмоҳ Каримова, ҳамсари Ҷонибек Сайфиддинов гуфт, ҳамон рӯз чанд нафари ношинос дар як мошин омада ба таври фиреб шавҳарашро ба Душанбе овардаад, ки баъдан фаҳмидаанд онҳо кормандони милитсия будаанд. “Се нафари бегона аз дар даромаданд, гуфтанд, ки хонаи Исломов аст? Гуфтем ҳо. Лекин дар дарс аст, дар мактаб. Гуфтанд, ки мактабашро ба мо нишон диҳед. Шавҳарам дар мошинашон нишаст, то рафта мактабро нишон диҳад. Ҳамин рафтагӣ дигар шавҳарам наомад. Баъд аз се рӯз шавҳарам занг зад. Гуфтем дар куҷоӣ? Гуфт, дар ШКД-и Шоҳмансур”,- гуфт Ширинмоҳ.
Ба гуфтаи пайвандони ин айбдоршавандаҳо, ҳар сеи онҳо дар давоми се рӯзи боздошт зери шиканҷа ба ҳуҷҷатҳо имзо гузоштаанд.
Худойбердӣ Кукиев, падари Насим Кукиев
Худойбердӣ Кукиев, падари Насим Кукиевро ҳам баъд аз боздошти писараш кормандони шуъбаи корҳои дохилдии ноҳияи Шоҳмансур аз хонааш боздошт карда, баъд аз як шабонарӯз раҳо кардаанд. Худойбердӣ Кукиев мегӯяд, дар як шабонарӯзи нигоҳдорияш дар ШВКД-и Шоҳмансур кормандони ин шуъба ӯро ҳам барои ба гардан гирифтани гуноҳ зери шиканҷа қарор додаанд. “Маро кормандони милитсия сахт латукӯб карданд, ки гуноҳро ба гардан гирам. Гуфтам, ки ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки ба гардан гирам. Сахт латукӯб карданд. Сардори шӯъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур аз садои ман, ки маро мезаданд, ба ҳуҷра даромада, гуфт, “агар ба гардан нагирад, “қассобхона” баред, мурдаи Ленинро ба гардан мегирад”. Як нафараш поямро қапид, дутои дигараш дастонамро. Як нафараш болоям баромада, даҳонамро бо латта қапид, ки овозам набарояд. Симро дар ангуштони пой ва олоти мардиям гузоштанд. Барқро сар доданд дар болои об, зад-зад-зад, ҷоғам аз ҷояш баромад, худам чанд маротиба беҳуш шудам. Гуфтам даҳонамро шикастед. Сар доданд, хандиданд. Як нафараш якто зад, ҷоғам ҷояшро гирифт”,- гуфт Худойбердӣ Кукиев.
Дар мурофиаи нахустин 7-уми апрели соли ҷорӣ ҳар се нафар - Ёсин Меликов, Насим Кукиев ва Ҷонибек Сайфиддинов иқрор карданд, ки ҳангоми бозпурсӣ дар ШВКД мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.
Сайдализода Шарифҷон, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз додситонӣ хоста буд, ки даъвои эҳтимоли шиканҷа шудани се сокини ноҳияи Ёвон аз тарафи чаҳор корманди пулисро назорат кунад. Дар мурофиа ҳар се нафар гуфтанд, ки дар алоҳидагӣ аз тарафи чаҳор корманди пулис зери латукӯб ва шиканҷа қарор гирифтаанд ва аз додрас хостанд шиканҷа шудани онҳоро ҷиддӣ гирифта, он кормандони пулисро ба ҷавобгарӣ ҷалб созанд.
Сайфиддин Исломов, падари Ҷонибек Сайфиддинов
Пайвандони ин боздоштшудаҳо мегӯянд, барои бозбинии шиканҷаи фарзандонашон ҳам ба Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам ба Прокуратураи генералӣ шикоят кардаанд. Сайфиддин Исломов, падари Ҷонибек Сайфиддинов мегӯяд: “Ба Прокуратураи генералӣ шикоят кардам, ки чаро аризаи маро ҷавоб намедиҳанд? 12 саҳифа ба Прокуратураи генералӣ шикоят кардам, боз ба Прокуратураи шаҳр ва ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур аризаи маро равон кард. Ман аз болои ҷонишини прокурори ноҳия аз рӯи латукӯб шикоят кардам, вале ягон натиҷа нашудааст то ҳол”.
Додситонии шаҳри Душанбе дар пайи шикояти пайвандони ҷабрдидаҳо ташхис гузаронида, бо худи боздоштшудаҳо суҳбатҳои алоҳида кардаанд. Дар рафти тафтиши дубораи мақомот бо дархости прокурори Прокуратураи шаҳри Душанбе Юсуфзода С. Ҳ. як ташхиси суддӣ-психологӣ ҳам хулоса кардааст, ки ин нафарон аз тарафи ягон шахс мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.
Вале қаблан, Сайфулло Сайфуллозода, муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, ки парвандаи мазкурро тартиб додааст, гуфта буд, дар ШВКД “ҳеч кас ба онҳо ҳеҷ кор накардааст”.
Бо вуҷуди дархостҳои адвокат Холматова Гулчеҳра аз судя кормандони пулис барои пурсиши шоҳидон ҳозир нашудаанд. Ҳамчунин, то ҳол ягон шоҳид ба даст доштани ин нафарон дар ҷинояти ба он муттаҳам мешуда шоҳидӣ надодааст.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тољикистон бо ишора ба нақзи ҷиддии меъёрҳо ҳангоми боздошти нафарони номбаршуда ёдовар мешавад, ки мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, ягон кас набояд ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона гирифтор карда шавад.