"Илтимос, маро бубахшед..." Эълони ҳукми гунаҳкорони марги Элчибеков

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сайёдҷон Асоев, як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро дар марги ҳамхидматаш Эҳсон Элчибеков гунаҳкор донист ва ба зиндон фиристод. Эҳсон Элчибекови 19-сола моҳи феврали имсол ба таври мармуз даргузашт ва мақомот ҷасади ӯро ба волидонаш дар деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон супурданд.

Додрас Наҷмуддин Лоиқзода рӯзи 21-уми апрел ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ки Сайёдҷон Асоев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” ва “аз беэҳтиётӣ ба марг расондан” ба 12,5 сол зиндон маҳкум шуд.

Ҳамчунин, дар доираи ин парванда ду афсари қисми низомии 06870-и Вазорати дифоъ Иззатулло Аҳмадов ва Саймуҳаммад Саъдуллоев барои “муносибати хунукназарона ба хизмат” яксолӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Ин се нафар рӯзи ҷумъа ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ худро гунаҳкор дониста, вале гуфтанд, ки аз кардаи худ пушаймонанд. Сайёдҷон Асоев дар ҳоле ки паси панҷариаи толори додгоҳ меистод, аз волидони сарбози кушташуда узр хост ва гуфт: “Ҳама хато мекунанд. Илтимос, маро бубахшед”.

Эҳсон Элчибеков

Афсарон Иззатулло Аҳмадов ва Саймуҳаммад Саъдуллоев ҳангоми баёни сухани охирин бо таъкид ба инки бори аввал кирдори ҷиноӣ содир кардаанд, аз додрас хостанд, нисбат ба онҳо ҷазои ғайриҳабсӣ таъйин намояд. Ин афасарон гуфтанд, ки “соҳиби фарзанд буда, дар чорабиниҳои низомӣ иштироки фаъол доштанд”.

Дар ҳамин ҳол, Ҳасан Асоев – амаки Сайёдҷон Асоев – дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ нисбат ба бародарзодааш “андаке зиёд аст”. Ӯ мегӯяд, Сайёдҷон ҳадафи куштани Эҳсон Элчибековро надошта ва ҳодиса ногаҳонӣ рух додааст. “Ҳодиса ҳангоми бозӣ ногаҳонӣ шудааст. Ҳарду ҳам фарзанди мо ҳастанд ва диламон месӯзад”, - афзуд ӯ.

Ҳасан Асоев

Ҳасан Асоев гуфт, бародарзодааш ҷавон аст ва дар 12 соли зиндон “ҳеч чизаш намемонад. Вай умеди зиёд дошт, ки баъди хидмат дар риштаи низомӣ хонда, афсар мешавад. Лекин, қисмат чизи дигар будааст.”

Хонаводаи Эҳсон Элчибеков гуфтанд, ки ҳарчанд ҳукми сарбозу афсарон онҳоро пурра қонеъ намекунад, вале қасди шикоят аз болои қарори додгоҳро надоранд. Худоназар Элчибеков, амаки Эҳсон, баъди эълони ҳукм ба Радиои Озодӣ гуфт, “норозигии ман бештар аз он аст, ки дар аввал гуфта буданд, ки 19 сол зиндонӣ меашванд. Баъдан додситон 14 сол талаб кард. Додрас якбора поинаш бурд ва дар дувоздаҳуним сол истод.”

Худоназар Элчибеков

Тайи чанд соли охир хонаводаи баъзе аз сарбозон аз зарбу лат ва марги фарзандони худ дар артиш ба матбуот хабар дода, ин баҳсҳоро дар тарозуи додгоҳ ҳам гузоштаанд. Аммо дар аксар ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиши Тоҷикистон мақомот на вуҷуди хушунат ё “дедовшина”, балки беморӣ ё худкушии сарбозонро сабаби аслии марги онҳо арзёбӣ кардаанд.

Мақомоти додгоҳ иҷоза надоданд, ки хабарнигорон дар толори мурофиа аз дастгоҳи сабту наворгирӣ истифода кунанд

Аз соли 2014 то кунун, дар гузоришҳои созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон ва ҷавонони синни даъват ба артиш – 10 ҳодисаи марги сарбозон дар қисмҳои ҳарбии кишвар сабт шудааст.

Ozodi