Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Чанде қабл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода тавассути як гузориш ба давлат пешниҳод кард, ки ниҳоди мустақиле барои анҷоми ташхисҳои пизишкии қонунӣ таъсис дода шуда, протоколи иловагӣ дар бораи мубориза бо шиканҷа ба тасвиб расад ва буҷаи нигаҳдории зиндонҳо ва муассисоти баста дар Тоҷикистон афзоиш ёбад.
Тибқи гузориши Ваколатдор, соли 2014 дар Тоҷикистон шикоёти шаҳрвандон дар нисбат ба мақомоти интизомӣ афзоиш ёфта ва шикоёт дар робита ба мақомоти додгоҳӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта коҳиш ёфтааст. Сарфи назар аз ин, ӯ бори дигар вуҷуд доштани мавориди шиканҷа дар муассисоти бастаи кишварро эътироф карда, дар бораи барномаҳои мавҷуд барои ҷилавгирӣ аз ин падида гузориш додааст.
Ваколатдор аз ҷумла таъкид кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз мавориди шиканҷа бояд боздоштшудагон аз нахустин лаҳазоти боздошташон ба вакили мудофеъ дастрасӣ дода шаванд, на ин ки пас аз нахустин истинтоқ дар зери фишору таҳдидҳои мақомоти интизомӣ.
Бояд гуфт, ки ин пешниҳодоти Ализода аз ҷониби ҳуқуқшиносон хуш пазироӣ ёфт. Ҳуқуқшиноси тоҷик, раҳбари созмони «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназарова аз ин пешниҳодот истиқбол карда, дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Хеле пешниҳоди қобили қабул аст. Агар ин тағйиротҳо ворид шаванд, дар Тоҷикистон барои пешгирии шиканҷа хело пешравиҳо ба вуҷуд меояд».
Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов бошад, бо ишора ба он, ки масъалаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мавзӯи доғ ва серпаҳлӯ аст, чунин зикр намуд:
- Баъди баргузории интихоботи моҳи марти соли ҷорӣ, ки боиси нигаронии давлатҳои мутамаддин ва созмонхои байналмилалӣ гардид, ҳукумат бояд хеле кӯшиш кунад, то афкори ҷамъиятиро тағйир диҳад. Маълум аст, ки масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон яке аз мавзӯҳои доғи рӯз мебошад. Бинобар ин, эҳтимолияти пазируфтани ҳамаи пешниҳодҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вуҷуд дорад. Аммо ҳамзамон бояд таъкид намоям, ки ба тасвиб расонидани протоколи иловагӣ дар бораи мубориза бо шиканҷа, зиёдтар кардани буҷаи нигаҳдории зиндонҳо ва анҷоми дигар корҳо хеле муҳим аст, вале риоя иҷро ва татбиқи онҳо масъалаи асосӣ дар шароити Тоҷикистон аст. Зеро, мушкилоти асосии мо аз ҳад зиёд будани таносуби расмиёт ва воқеият мебошад.
Зимнан, ҳуқуқшинос Шералӣ Мӯсоев ҳама пешниҳодотро олиҷаноб унвон кард ва гуфт, ки қабули чунин пешниҳодҳо аз ҷониби давлат барои миллати тоҷик шарт ва зарур аст.
- Ба назари ман, пешниҳодоти Омбудсменро давлат бояд қабул ва амалӣ намояд. Ниҳоди мустақиле бояд бошад, ки ҳамаи ташхисҳо объективона баҳодиҳӣ карда шуда, хулосаи дуруст ва холисона бароварда шавад. Тӯли чандин солҳо мешавад, ки созмонҳои ҷамъиятӣ доир ба ин масъала давлатро хабардор менамоянд, то давлат протоколи иловагиро ба Конвенсияи зидди шиканҷа ба тасвиб расонад. Аммо намедонам, ки бо кадом сабабҳо ин протоколи иловагӣ то ҳол ба тасвиб нарасидааст,- афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Нигина Баҳриева мегӯяд, ки пешниҳодоти Ваколатдор муҳим ва рӯзмарраанд. Ба қавли ӯ, ин пешниҳодҳо қаблан, солҳои 2012-2013 низ ба Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои гуногуни СММ, аз ҷумла Кумитаи зидди шиканҷа ва гузоришгари масоили шиканҷа Хуан Мендез ироа шуда буданд.
- Фикр мекунам, ки ҳамаи ин пешниҳодҳо бояд амалӣ гарданд. Дар ҳоле, ки дар ин самт аллакай корҳои муайян оғоз шудааст. Масалан, ҳоло дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи ратификатсияи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки имконияти боздид аз муассисаҳои маҳрумият аз озодиро дар назар дорад. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи дигари корӣ фаъолият карда истодааст, ки тибқи стандартҳои Протоколи Истамбул барои кормандони тиббӣ маҷмӯи ҳуҷҷатҳои нормативиро коркард менамояд, афзуд Н. Баҳриева.
Аммо ӯ изҳори нигаронӣ дорад, ки пешниҳоди аз ҳама мушкил масъалаи боло бурдани буҷаи муассисаҳои ислоҳотӣ аст: «Барои кишварҳое чун Тоҷикистон масъалаи буҷет хеле тезутунд аст, зеро дар бисёр самтҳо норасоии маблағгузорӣ мушоҳида мешавад. Дар ҳоле, ки маблағ на танҳо барои нигоҳ доштан маҳбусон дар боздошт, балки барои шароити шоистаи кори ходимони худи муассисаҳои илоҳотӣ низ лозим аст».
- Айни замон зиёд корҳо бояд амалӣ карда шаванд ва ман умед бар он мебандам, ки пешниҳодҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон боз як такон дар раванди муқобилат бо шиканҷа дар Тоҷикистон мегардад,- изҳори умедворӣ намуд ҳамсӯҳбатамон.