Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Оё шахси маҳкумшуда ҳангоми дар ҷойи маҳрумият аз озодӣ қарор доштанаш ҳуқуқ дорад бо ариза ба ягон ҷой муроҷиат кунад?
ПОСУХ: Бале, шахси дар ҷойи маҳрумият аз озодӣ қарордошта ба муроҷиат кардан ҳуқуқ дорад. Дар асоси моддаи 16-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда ҳуқуқ дорад ба маъмурияти муассиса ё мақоми иҷрокунандаи ҷазо, ба мақомоти болоии онҳо, суд, мақомоти прокуратура, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти байнидавлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бо таклиф ва арзу шикоят муроҷиат намояд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj