Машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе ва НТМ

Ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст, рӯзҳои 27-28-уми май дар шаҳри Душанбе ва НТМ (Рӯдакӣ) машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ доир намуданд.

Ин иқдом ҷузъе аз маъракаи якмоҳа бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа (26-уми июн) гардида, ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини дастрасии кумаки ҳуқуқӣ нигаронида шуда буд.

Машваратҳо доираи васеи масъалаҳо: ҳуқуқи ҷиноятӣ, оилавӣ, манзилӣ, андоз ва гражданиро фаро гирифтанд. Дар маҷмуъ, 30 нафар барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат карданд. Ба ҳар як муроҷиаткунанда маълумот барои тамос бо ташкилотҳои аъзои Эътилоф дода шуд, то баъди баррасии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани маслиҳати муфассал ва асоснок дубора муроҷиат намоянд.

Чорабиниҳои баргузоршуда сатҳи баланди талаботи ҷомеаро ба ёрии ҳуқуқии ройгон ва касбӣ тасдиқ намуда, аҳамияти таълими ҳуқуқиро нишон доданд ва имкон доданд, ки таваҷҷуҳ ба мушкилоти шиканҷа ва беҷазоӣ дар кишвар зиёд карда шавад.

Ҳуқуқшиносон тавсия медиҳанд, ки чунин машваратҳо дар минтақаҳои гуногун мунтазам гузаронида шаванд, доираи машваратҳо бо дарназардошти талаботи аҳолӣ васеъ карда шавад, ба воситаи роҳҳои гуногуни робита фаъолона маълумот дода шавад, ҳамкориҳо бо мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани самаранокии кор пурзӯр карда шаванд.