Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо идома додани фаъолияти мунтазами худ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона натиҷаҳои фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли 2025 ҷамъбаст намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 7 муроҷиати марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки барои оғози муроҷиат ба мақомоти дахлдор имкон дод. Мисли пештара бештари шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати муроҷиаткунандагон вобаста ба мақомоти корҳои дохилӣ будааст.
Ба шарофати телефонҳои боварии шабонарӯзӣ дар минтақаҳо ва пойтахт имкон пайдо шуд, ки вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои нав, инчунин тамос бо шахсони ниёзманд таъмин карда шавад. Дар ин муддат Гурӯҳ зиёда аз 40 машварат гузаронида, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ омода намуда, парвандаҳоеро, ки ба тафтиши одилона ва қатъ намудани қонуншиканиҳо нигаронида шудаанд, роҳнамоӣ кард.
Ба ҳамоҳангсозӣ бо адвокатҳое, ки аз рӯйи парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона кор мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади табодули таҷриба, таҳияи стратегияҳои самараноки ҳимоя ва васеъ намудани шабакаи ҳуқуқшиносони касбӣ, ки тавонанд дар судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ манфиатҳои ҷабрдидагонро босифат муаррифӣ намоянд, зиёда аз бист вохӯриву машваратҳо гузаронида шуданд. Ин ҳамкориҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ, таъмини иштироки васеъ ва баробари ҳуқуқшиносони минтақаҳои гуногун, аз ҷумла занон дар кор аз рӯйи парвандаҳо оид ба нақзи ҳуқуқи инсон мусоидат намуданд.
Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ дар доираи фаъолияти худ як қатор чорабиниҳои муҳимро амалӣ намуд. Моҳи июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа дар Академияи ВКД дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ҷаласаҳои иттилоотӣ доир намуданд, ки курсантону омӯзгоронро фаро гирифтанд. Коршиносони Эътилоф дар бораи стандартҳои байналмилалӣ ва миллии ҳимояи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа, инчунин хусусиятҳои мубориза бо шиканҷа дар заминаи системаи ҳуқуқии Тоҷикистон суханронӣ карданд. Баррасиҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташаккули таҳаммулнопазирӣ нисбат ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона мусоидат намуданд.
Кор бо муассисаҳои ислоҳӣ низ идома ёфт. Моҳи июл мутахассисони ГЁҲ аз муассисаи ислоҳии занонаи №3/8-и шаҳри Норак дидан намуда, дар он ҷо барои маҳбусон ва кормандон ҷаласаҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, оид ба ҳуқуқ ва меъёрҳои муносибат бо маҳбусон суҳбат карданд. Инчунин дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар мавриди механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ, фарқи шиканҷа аз муносибати бераҳмона, ҳуқуқи қурбониён ба ҷуброни зарар, инчунин доир ба фаъолияти Гурўҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Натиҷаҳо: Ҷаласа дар фазои бозу фаъолона гузашт. Иштирокдорон таваҷҷуҳи касбӣ зоҳир намуда, дар баррасиҳо фаъолона иштирок намуданд. Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб байни иштирокдорону коршинос сурат гирифт, ки барои баррасии таҷрибаи амалӣ ва дарки амиқи масъалаҳои ба миён гузошташуда шароити муҳим фароҳам овард.
Фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 зарурати муносибати ҳамаҷониба ба мубориза бо шиканҷа - маҷмӯи дастгирии ҳуқуқӣ, таълим ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатиро равшан нишон медиҳад.