Дар Панҷакент 30 нафар аз хизматрасонии қабулгоҳи сайёри ҳуқуқӣ истифода бурданд

Рӯзи 18-уми апрел ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа машваратҳои ҳуқуқӣ баргузор намуд.

ТҶ «Ибтидо» узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон буда, чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Эътилоф дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди Зигрид Раузинг маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

Дар шаҳри Панҷакент қабулгоҳи сайёри ҳуқуқӣ ташкил карда шуд, ки барои расонидани машварати ҳуқуқӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шуда буд. Дар доираи ин иқдом дар маҳалҳои серодам оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ дар маҷмуъ 30 машварат гузаронида шуд, ки аз таваҷҷуҳи фаъолона ва ниёзмандии сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонон ба дастгирии ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад.

Масоили марбут ба тафтишу рейдҳои БДА, имкони таъсири ҷисмонӣ ба шахсони дигар, инчунин фарқияти байни шиканҷа ва латукӯб таваҷҷуҳи хосаи иштирокчиёни қабулро ба худ ҷалб карданд. Саволҳое аз қабили «Оё латукӯб шудани шахс аз ҷониби корманди мақомот мумкин аст?» ва «Оё мумкин аст, ки муаллим шогирдро занад?» аз мушкилоти соҳаи ҳуқуқи инсон ва масъалаи дарки ҷамъиятии қонун шаҳодат дода, зарурати идома додани чунин чорабиниҳоро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тасдиқ мекунад.

Дар рафти гузаронидани машваратҳо шаҳрвандон инчунин оид ба масоили баҳсҳои оилавӣ (талоқ, ситонидани алимент, тақсими молу мулк) саволҳо доданд.

Барои муроҷиатҳои минбаъда ва пешниҳоди машваратҳои аввалияи ройгони ҳуқуқӣ ба шахсони муроҷиаткарда воситаҳои тамос пешниҳод карда шуданд.